Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо.
Конференсия бахшида ба ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои овардани мушти хоки оромгоҳи фарзандони содиқи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад ба шаҳри Душанбе доир гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки иқдоми навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси овардани хоки мазори се чеҳраи мондагори ибтидои асри ХХ – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Нисор Муҳаммад, ки дар ташаккули давлатдории Тоҷикистон нақши хосса гузоштаанд, гувоҳи арҷгузории Қаҳрамони Тоҷикистон ба қаҳрамонии қаҳрамонон аст. Ба қавле, ранҷу заҳмат ва талошу ҷонисориҳои қаҳрамононро қаҳрамон медонад. Васлгари таърихи миллат ва пайвандгари тамоми арзишҳои миллӣ аз истиқлол сар карда, то ваҳдату фарҳанг ва тамаддун қаҳрамонон мебошанд.
«Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур ашхосе буданд, ки раванди таҳаввулоти сиёсию ҷамъиятиро бо чашми сар дида, онро ҳамаҷониба дарк намуда буданд. Ин чеҳраҳои мондагори миллат шоҳиди се инқилоб ва як марҳалаи бузурги гузариши таърихӣ ба шумор мерафтанд. Маҳз дарки равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ин шахсиятҳо ва дигар ҳамсафони онҳоро водор намуд, ки барои ҳифзи манфиатҳои тоҷикон аз ҷони хеш гузаранд. Замоне талошҳоро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ шуруъ карданд, ки сухан дар боби тақсимоти миллӣ-марзӣ ва ташкили давлатҳои миллӣ дар ҳудуди таърихии тоҷикон мерафт. Душманони миллат хостори амалӣ шудани ормонҳои ин шахсиятҳои ҷонсупурда набуданд, балки бо ҳар роҳ талош меварзиданд, ки аҳдофи неки онҳо амалӣ нашавад»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Иброз гардид, ки новобаста аз ташаккул ва фаъол гардидани идеяҳои зиддитоҷикӣ ба ин абармардони миллат муяссар шуд, ки барои ташкили давлати миллӣ, яъне субъекти сиёсие бо номи Тоҷикистон муваффақ шаванд. Маҳз талоши се тан аз чеҳраҳои мондагори миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Садриддин Айнӣ сабаб шуд, ки бори нахуст бо номи тоҷик давлате ба унвони Тоҷикистон дар харитаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон пайдо шавад.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти фидокоронаи Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур ва ҳамсафонаш бо эълон гардидани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон вусъати тоза ёфта, барои ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон равона гардида буд. Дар он солҳои душвор барои дар шаҳри Душанбе ҷойгир сохтани муассисаҳои давлатӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Танҳо бо талошу заҳматҳои халқи меҳнатқарини тоҷик ва фарзандони фидокору фарзонаи миллат пойтахти навини Тоҷикистон-шаҳри Душанбе марҳала ба марҳала обод гардид.
Ормони Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур табдил додани Тоҷикистон ба давлати рушднамуда ва баланд бардоштани сатҳи зидандагӣ ва некуаҳволии миллати тоҷик, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ буд, ки имрӯз ин ҳама аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуданд. Бо талошу заҳматҳои қаҳрамонони Тоҷикистон миллати тоҷик соҳибдавлату соҳибэҳтиром гардида, имрӯз ҳамчун ҷониби ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами сатҳи ҷаҳонӣ шинохта мешавад.
Дар ин замина изҳори сипос ва сари таъзим фуруд овардани Пешвои миллати тоҷик, муаррифи тамаддун ва давлатдории тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хоки мазори се тан аз чеҳраҳои мондагори миллат рамзи эҳтиром ба миллат ва фарзандони фидоии он аст.
Дар идома олимону муҳаққиқон иброз доштанд, ки хизматҳои таърихии Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва бедории худшиносии миллӣ аҳамияти бузург доранд.
Бояд гуфт, ки қабл аз оғози конференсия ба хотири гиромидошти хотираи таърихии фарзандони содиқи миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад президенти Академияи миллии илмҳо ва аҳли олимони академия ба оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон рафта, бо гузоштани гулчанбар хотираи неки ин шахсиятҳои барҷастаро пос доштанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






