Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва иштироки Котиби генералии Конвенсияи Ромсар доктор Мусонда Мумба доир ба масъалаи об ва болтлоқзори дорои аҳамияи байналмилалӣ нишасти илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар нишасти илмӣ дар бораи Конвенсияи Ромсар ва ҳадафу ҷанбаҳои қабули он аз ҷониби Котиби генералии Конвенсияи Ромсар доктор Мусонда Мумба рӯнамо пешниҳод гардид.
Гуфта шуд, ки Конвенсияи Ромсар 2 феврали соли 1971 дар шаҳри Ромсари Эрон ба имзо расида, аз соли 1975 мавриди амал қарор гирифтааст ва ҳамасола 2 феврал ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ботлоқзор ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин санад – ҳифз ва истифодаи оқилонаи ботлоқзор, ҳудудҳои обию ботлоқӣ ва захираҳои онҳо тавассути амалҳои маҳаллӣ, миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
Хусусан ботлоқзоре, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд, ба рӯйхати махсус ворид гардидаанд. Дар айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 2400 чунин маконҳо мавҷуданд.
Ҳамчунин зимни нишаст коршиносони байналмилалӣ аз таҷрибаҳояшон дар раванди корҳои озмоишию таҳқиқотӣ ва доираи сафарҳои кориашон ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон оид ба омӯзиши обу ботлоқзори дорои аҳамияи байналмилалӣ сухан намуда, тавсияҳои муфид пешниҳод карданд. Хусусан, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳоди ҳифзи пиряхҳо дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид муҳим арзёбӣ гардиданд.
Дар анҷом байни коршиноси байналмилалӣ ва иштирокдорон табодули афкор доир шуда, тавсияҳои судманд пешниҳод гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки Конвенсияи Ромсар оид ба ботлоқзори дорои аҳамияти байналмилалӣ яке аз аввалин ва муҳимтарин созишномаҳои байнидавлатии экологӣ дар ҷаҳон буда, қароргоҳи котиботи он дар шаҳри Гланди Швейсария дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ҷойгир аст ва зиёда аз 170 давлати дунё аъзои он мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои аҳамияти бузурги экосистемаҳои нодири обию ботлоқӣ, махсусан парандаҳои кӯчӣ аз соли 2001 расман ба Конвенсияи Ромсар пайвастаст гардидааст. Дар Тоҷикистон 5 макон ба рӯйхати ботлоқзори дорои аҳамияти байналмилалии Ромсар дохил карда шудаанд. Инҳо Қарақул (2001), Шуркӯл ва Рангкӯл (2001), Зоркӯл (2001), Дарёи Панҷ – минтақаи Тӯқайзорҳо (2001) ва Обанбори Қайроққум (2011) мебошанд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон









Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






