Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ дар робитаҳои забонию адабӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, иштирокчиён зимни конференсия аз дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи илму маориф, густариши забономӯзӣ ва аҳамияти омӯзиши илмҳои муосир ёдовар шуданд. Инчунин доир ба нақши мутафаккирони тоҷику форс дар пешрафти илми ҷаҳонӣ изҳори андеша карда шуд.
Иброз гардид, ки омӯзиши амиқи забон ва адабиёти халқҳои Шарқ метавонад дар таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва ғанӣ гардонидани илми ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад.
Дар муддати кӯтоҳ дар заминаи таҳқиқи масоили мубрами ховаршиносӣ осори фаровоне рӯи нашр омад, ки саҳми олимону донишмандони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин замина назаррас аст.
Иштирокчиёни конференсия зарурати ҳифз ва тарғиби мероси адабию фарҳангии миллатро таъкид намуда, онро яке аз вазифаҳои муҳими муҳаққиқон арзёбӣ карданд. Изҳор шуд, ки омӯзиш ва муаррифии осори классикони тоҷику форс дар сатҳи байналмилалӣ метавонад ба баланд бардоштани нуфузи фарҳанги миллӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат намояд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






