Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ва эҳёи адолати таърихӣ» ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ ва тарбиявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони содиқи миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои барҷастаи миллат, аз ҷумла Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Нисор Муҳаммад ва дигар фарзандони фарзонаи тоҷик нишонаи эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва қадршиносии хизматҳои содиқона ба Ватан мебошад.
Иқдоми таърихии Пешвои миллат оид ба овардани хоки оромгоҳи ин чеҳраҳои мондагор ба Ватан ҳамчун намунаи олии эҳёи адолати таърихӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки омӯзиш ва таблиғи корномаи фарзандони фидоии миллат барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба давлату миллат аҳамияти бузург дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






