Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрел то моҳи августи соли 2026 таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ» бо намояндагони вазорату идораҳо ва ҷавонони шаҳру ноҳияҳо силсилавохӯриҳо идома меёбанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо ин мақсад дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва рушди давлатдории миллӣ сухан гуфт.
Ҳамзамон оид ба аҳамияти забони давлатӣ, риояи қонунгузорӣ дар самти забон, меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ ва фарҳанги ҳуҷҷатнигорӣ ибрози назар карда шуд. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун унсури муҳими худшиносии миллӣ оинаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллати тоҷик маҳсуб мешавад.
Қабул ва тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ шаҳодат медиҳад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






