Донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии «Пули чинӣ» соҳиби ҷойи якум шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Озмуни 25-уми байналмилалии «Пули чинӣ» баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмун донишҷӯи курси сеюми факултети омӯзгории забонҳои Шарқи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Аминҷон Шаропов сазовори ҷойи якум шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Озмуни байналмилалии «Пули чинӣ» ҳамасола бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад. Он яке аз бонуфузтарин майдонҳои озмоиши дониш, маҳорати забондонӣ ва муаррифии фарҳанги чинӣ ба шумор меравад. Озмун байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат гузаронида мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳоло бо 12 донишгоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории мустақим дорад. Танҳо дар панҷ соли охир 31 донишҷӯи донишгоҳ барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи Чин равона гардидаанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чинро хатм намудаанд. Ин нишондиҳанда бозгӯи густариши ҳамкории илмию таълимии ду давлат мебошад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






