Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолона иштирок намуда, дар номинатсияи даставӣ-амалӣ ҷойи якум ва дар номинатсияи даставӣ-назариявӣ мақоми дуюмро соҳиб шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони мақомоти андоз бахшида шуд. Он бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаронида шуд.
Баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён дар соҳаи қонунгузории андоз, рушди маърифати андозсупорӣ ва ҳисси хештаншиносии ҷавонон, омода намудани мутахассисони баландихтисос барои мақомоти андоз ва соҳаи иқтисод ва тақвияти ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии таълимӣ аз ҳадафҳои озмун буданд.
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои донишҷӯёни ихтисосҳои андозбандӣ, молияю қарз ва иқтисодиёт чун имкони хуби нишон додани донишҳо ва омӯхтани таҷриба арзёбӣ мегардад.
АКС: Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






