Донишгоҳи сулҳи СММ саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар сулҳ, рушди устувор ва ҳамкории минтақавӣ қадрдонӣ намуд

Май 25, 2026 11:25

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид барои саҳми барҷаста дар эҷоди сулҳ, густариши масъалаҳои тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва ҳамкории минтақавӣ сарфароз гардонида шуд. Дар ин хусус намояндаи доимии донишгоҳи мазкур, сафир Дэвид Фернандес Пуйана пас аз маросими супоридани ҷоиза ба Пешвои миллат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Тавре таъкид гардид, Донишгоҳи сулҳи СММ муассисаи махсуси низоми Созмони Милали Муттаҳид буда, соли 1980 дар асоси қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта тавассути таҳсил, омодасозии кадрҳо ва таҳқиқоти илмӣ таъсис дода шудааст.

Дэвид Фернандес Пуйана иброз намуд, ки қарор дар бораи тақдими ҷоиза – эътирофнома ба Президенти Тоҷикистон нишони қадрдонии баланди ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳофарӣ, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Таъкид шуд, ки ин ҷоиза бори аввал ба роҳбари давлат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тақдим мегардад.

Дар ҷараёни маросим ба ҳуҷҷатҳои 31 марти соли 2025 миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон — Шартнома оид ба нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки ин санадҳо намунаи эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлатҳо мутобиқ ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамзамон таҷассуми ҳалли мусолиматомези масъалаҳои байнидавлатӣ мебошанд.

Ҳамчунин ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обшавии пиряхҳо, таъмини захираҳои об, ҳифзи экосистемаҳо ва таҳкими устувории иқлим равона шудааст, баланд арзёбӣ гардид.

Илова бар ин, пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва ташаббус оид ба пешбурди қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мусбат арзёбӣ шуданд. Иброз гардид, ки ин иқдом ба густариши ҳамкории байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо ва таҳкими сулҳи пойдор тавассути воситаҳои дипломатӣ ва сиёсӣ мусоидат менамояд.

Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

АМИТ «Ховар»

Май 25, 2026 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд