Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад

Май 2, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор буда, 93% сарзамини он аз кӯҳҳое иборат аст, ки дар қаъри худ ганҷҳои бебаҳои гуногуни сарватҳои табииро маҳфуз медоранд. Яке аз омилҳои муҳими тараққиёти мамлакат коркарди сарватҳои зеризаминии табиӣ ба шумор меравад. Саноати кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон заминаи хуби ашёи хоми сарватҳои табииро доро мебошад, ки коркарди он барои солҳои тӯлонӣ кифоя аст ва тараққиёти соҳаро таъмин менамояд.

— Баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва бо сабаби аз кор мондани бисёр корхонаҳои соҳа талабот ба мутахассисони саноати кӯҳӣ–металлургӣ кам гардид, аммо ба ин нигоҳ накарда, дар саноати кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон норасоии мутахассисон ба мушоҳида мерасид. Бо саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасе андешида шуданд, то ин норасоиҳо бартараф карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «инкишофи саноати коркарди канданиҳои фоиданок яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Вобаста ба муҳимияти соҳа ва инкишофи саноати кӯҳкорӣ мо якчанд лоиҳаҳои барномавӣ, аз ҷумла тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олии ин соҳаро амалӣ намуда истодаем. Бинобар ин ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф, саноат, Саридораи геологияи тоҷик супориш дода мешавад, ки бо мақсади минбаъд ривоҷ додани тайёркунии мутахассисони соҳа ба Ҳукумати Тоҷикистон хулоса ва пешниҳоди худро оид ба таъсис додани Донишкадаи давлатии геология ва маъдани Тоҷикистон дар заминаи Техникуми геологии Душанбе ва Коллеҷи кӯҳию металлургии Чкалов ва қабули донишҷўён барои соли таҳсили 2006-2007 пешниҳод намоянд».

Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (соли 2006) оид ба «Таъсиси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов» ва 3 майи соли 2006 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии Коллеҷи политехникии шаҳри Қӯрғонтеппа, Коллеҷи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов» ба тасвиб расид, ки мо дар арафаи ҷашни 20–солагии он қарор дорем.

Барои дар амал татбиқ намудани ин қарор соли 2007 аввалин донишҷӯён аз рӯйи 10 ихтисос бо шумораи 344 нафар қабул гардиданд.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз ҷавонтарин муассисаҳои олии мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамагӣ бист сол боз фаъолият мебарад. Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкада дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро дар самти пешбурди раванди таълим, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалӣ, тарбиявӣ ва ободонию созандагӣ мавриди иҷро қарор медиҳанд. Ин дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ– саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми босазозо мегузорад.

Дар донишкада 4 факултет ва 15 кафедраи тахассусӣ фаъолият менамояд. Донишкада иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди раванди таълим аз рӯи 38 ихтисос барои шуъбаи рӯзона, 23 ихтисос барои шакли таълими фосилавӣ, 5 ихтисос барои зинаи магистратура ва 5 ихтисос барои дараҷаи доктор аз рӯйи ихтисос Рhd соҳиб аст.

Барои васеъ намудани дониши донишҷӯён китобхона бо фонди беш аз 130 000 адад китобҳои таъйиноташон гуногун, китобхонаи илмӣ — электронӣ, ки ба хати баландсуръати интернет пайваст мебошад, хизмат мерасонанд.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон давоми 20 соли фаъолият барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, корҳои илмию таҳқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва ободонию созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар ин давра донишкада аз лиҳози пояи моддию техникӣ, ҳайати кадрию донишҷӯён рушд ёфта, масоҳати таълимӣ ҳамасола зиёд гардид. Миқдори ихтисосҳо дар ин муддат аз 10 ба 36 адад расонида шуда, шумораи донишҷӯён аз 344 нафар ба 3500 нафар, теъдоди омӯзгорон аз 29 ба 165 нафар расида, масоҳати таълимӣ аз 7600 м2 ба 13200 м2 расонида шуд.

Барои таъмини раванди таълим ва баланд бардоштани сифати он, мустаҳкам намудани пояи моддӣ–техникӣ то ин дам 60 тахтаи электронӣ ва проектор, 540 компютер, 85 ноутбук, 75 принтер, беш аз 1000 миз ва 2000 курсӣ, 25000 (203 номгӯй) адабиёти тахассусӣ бо забони тоҷикӣ харида шуда, масоҳати таълимии нав, аз қабили 52 синфхона ва 12 кабинети таълимӣ, 24 озмоишгоҳи таълимии ҷиҳозонида ва 8 синфхонаи компютерӣ аз нав эҳё карда шуд.

Барои гузаронидани машғулияти лабораторӣ ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ лабораторияҳои экология, ташхиси об, ташхиси нафт, бойгардонии канданиҳои фоиданок, металлургия, корҳои маркшейдерӣ ва химия таъсис дода шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бинои таълимӣ, хобгоҳҳои №1 ва №2 пурра таъмир карда шуда, дар таҳхонаи хобгоҳи донишҷӯён ва 4 ошёнаи хобгоҳ ҳаммом ба истифода дода шуда, маҷмааи варзишии иборат аз майдончаи футболи бо газони сунъӣ рӯйпӯшшуда, 2 майдончаи волейбол, майдончаи баскетбол ва дигар таҷҳизоти варзиши сабук пурра навсозӣ гардида, системаи гармидиҳии хобгоҳ барқарор карда шуд. Дар муассисаи таълимӣ корҳои ободонию созандагӣ барои таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси донишкада ривоҷу равнақ ёфта, дар ин давра зиёда аз 1000 бех дарахтони сояафкан ва беш аз 5000 адад гули садбарг ва 8000 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.

Донишкада бо беш аз 80 корхонаи саноатии мамлакат ҳамкории судманд дорад. Соли 2016 донишкада аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аттестатсия карда шуда, муваффақона аз аттестатсия ва аккредитатсия гузашта, сохтор, Оиннома ва Низомномаи донишкада аз нав таҳия ва тасдиқ гардид.

Давоми 20 сол бо мақсади рушди истеҳсолот ва гузаронидани корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ, васеъ намудани номгӯи маҳсулот, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар ин самт бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант» ва Ширкати «Рос-Базальт»-и шаҳри Барнаули Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Инчунин бо 43 муассисаи олии касбӣ ва Академияи илмҳои Федератсияи Русия, Украина, Беларус, Молдова, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мадумии Чин, Юнон, Норвегия, Словения, Португалия, Ҷопон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, созишнома баста шуд.

Дар донишкада 165 омӯзгор фаъолият дорад, ки 6 нафар доктори илм, профессор, 9 нафар профессор, 42 нафар номзадони илм, дотсентон мебошанд. Раёсати донишкада барои омода намудани кадрҳои дорои унвони илмӣ ҷаҳд намуда, соли 2014 дар назди донишкада шуъбаи аспирантура ва магистратура ба фаъолият оғоз намуд. Инчунин 15 нафар омӯзгорони ҷавон бо мақсади таҳсил дар аспирантура ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия равон карда шуданд. Дар ин давра 32 омӯзгор рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи донишкада ва таъмин намудани донишҷӯён бо адабиёти тахассусӣ аз тарафи омӯзгорон дар ин давра 32 китоби дарсӣ, 110 дастури таълимӣ, 56 монографияи илмӣ, 55 роҳнамои таълим ва 158 комплекси таълимӣ-методӣ бо забони давлатӣ чоп карда шуда, мавриди истифодаи умум қарор дода шуд.

Донишкада дар қатори якчанд муассисаи олии Аврупо (Италия, Португалия, Белгия, Англия, Олмон) ва Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон) ба гирифтани Лоиҳаи таълимии иттиҳодияи Аврупо «Темпус» бо номи «Сифати таълимии муҳандисӣ дар Осиёи Марказӣ» ноил гашт, ки ҳамоҳангсози лоиҳа факултаи муҳандисии Донишгоҳи Флоренсия (Италия) ба ҳисоб меравад. Дар доираи лоиҳаҳои ҳамкорӣ давоми 4 соли охир аз ҳисоби ин лоиҳаҳо ба донишкада таҷҳизоти лабораторӣ ва воситаҳои техникӣ ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ ба тариқи ройгон ворид карда шуданд.

Дар ин муддат омӯзгорони донишкада иштирокчии 7 лоиҳаи байналмилалӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар 10 соли охир ҳамасола аз донишкада як нафар донишҷӯи аълохон ва болаёқат гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Дар давраи фаъолияти донишкада 30 донишҷӯ, 7 аспирант ва 10 магистрант гирандагони стипендияи раиси вилояти Суғд, беш аз 100 нафар гирандагони стипендияи раиси шаҳри Бӯстон гардиданд.

Ҷомеаи меҳнатии донишкада минбаъд низ дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро дар самти пешбурди раванди таълим, корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалӣ, тарбиявӣ ва ободонию созандагӣ мавриди иҷро қарор дода, дар тарбияи мутахассисони варзидаи соҳавӣ саҳми сазовор мегузорад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

АКС аз муаллиф

Май 2, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Тоҷикистони муосир ва давлатдории навин
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Баргузории фестивал-озмун ба баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ мусоидат менамояд
Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир шуд
««ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА. Қабули ин санади стратегӣ кафолати рушди босуботи соҳа мебошад
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ