Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 гузаронида мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин замина сомонаи нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ –Тоҷикистон -2026 https://foodindustry.tj фаъол гардид.
Форум ва намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ва ватанӣ баргузор мешаванд. Ин чорабинӣ ба рушди саноати хӯрокворӣ, ҷалби сармоягузорӣ, муаррифии технологияҳои муосир, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва густариши ҳамкории тиҷоратӣ бахшида шудааст.
Дар Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ ширкатҳои саноатӣ, содиркунандагон, сармоягузорон ва намояндагони тиҷорат аз кишварҳои гуногун иштирок мекунанд. Бақайдгирии шахсони даъватшуда ва иштирокчиён, аз ҷумла ҳайатҳои расмӣ тавассути сомонаи расмии форум https://foodindustry.tj дастрас аст.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






