«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари ҳайати Федератсияи Русия Диляра Боровик ба сатҳи баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 14 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баҳои баланд дода, меҳмоннавозии мардуми тоҷик ва аҳамияти ҳамкории байналмилалиро дар масъалаҳои амнияти озуқаворӣ махсус таъкид намуд.
Диляра Боровик дар суҳбати ихтисосӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин нахустин сафараш ба Тоҷикистон аст, ки ӯ аз он таассуроти баланд бардоштааст. «Душанбе шаҳри хеле зебо, сарсабзу хуррам ва меҳмоннавоз аст. Воқеан Душанбе шаҳри гулҳоро мемонад, ба кӯчаҳои он гулҳои зебо ва пурнакҳат таровати тоза мебахшанд, сокинонаш меҳрубон ва дилсӯз ҳастанд. Агар шумо ягон савол дошта бошеду пурсед, ҳатман ба шумо кумак мерасонанд ва ҳатто иҷро мекунанд. Ин бозгӯйи он аст, ки сокинони Душанбе одамони самимӣ, хушҳол ва дорои фарҳанги баланданд».
Роҳбари ҳайати Федератсияи Русия ҳамчунин
ба Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории Конфронси сатҳи баланди Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе изҳори сипос намуда, онро майдони муҳими байналмилалӣ барои муҳокимаи мушкилоти мубрами соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар шароити ҷаҳони муосир номид.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, имрӯз дар раванди тағйирёбии иқлим дар сайёра ва аз даст додани гуногунии биологӣ баъзе кишварҳо бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. Дар ин шароит бунёди муколама ва таҳкими ҳамкории судманд байни давлатҳо махсусан муҳим аст.
Диляра Боровик бо таъкиди нақши назарраси Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ гуфт, ки «Тоҷикистонро метавон обанбори асосии Осиёи Марказӣ номид».
Вай инчунин афзуд, ки «ҷониби мизбон- Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар доираи Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе иқтидори кишоварзию озуқавории мамлакат ва омодагии онро барои ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсояи минтақаи Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Русия пурра муаррифӣ намуд».
Диляра Боровик гуфт, ки Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






