Эмомалӣ Раҳмон: «Шахсоне, ки имкону тавони қурбонӣ карданро надоранд, анҷом додани ин амал барои онҳо шарт нест!»

Май 27, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 27.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи иди Қурбон мардуми тоҷик мутобиқ ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ се амалро ба иҷро мерасонанд: аввалан, дар ҳаққи гузаштагон дуои нек мекунанд, баъдан ба зиёрати падару модар, беморону ниёзмандон ва азодорон мераванд ва шахсоне, ки имкони мусоиди молиявӣ доранд, расми қурбониро ба ҷо меоваранд. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон баён намуданд.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки «қурбонӣ кардан – ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон ва дастгирии оилаҳои камбизоат аз ҷониби онҳое воҷиб мебошад, ки имкону тавони хайру садақа карданро доранд ва дар масъалаи таъминоти аҳли оилаи онҳо мушкиле вуҷуд надорад. Шахсоне, ки имкону тавони қурбонӣ карданро надоранд, анҷом додани ин амал барои онҳо шарт нест!»

«Дар Қуръони маҷид амалҳои исрофкорона ва хароҷоти беҷое, ки муъмин бар зарари худ ва наздиконаш анҷом медиҳад, 23 маротиба қатъиян маҳкум шудааст. Умуман, ҳамаи амалҳое, ки Худованд ба бандагонаш роиҷ донистааст, дар доираи имконияту шароити зиндагии инсон аст. Дар ояти 286-уми сураи «Бақара» ин масъала возеҳан зикр шудааст, ки «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш воҷиб намекунад»! Дигар ин, ки дар шариати дини мубини ислом қурбонӣ кардани чорво дар давоми се рӯз ҷойиз аст»,-хотиррасон намуданд Роҳбари давлат.

«Бинобар ин, шарт нест, ки ин кор дар як рӯз бо издиҳому бенизомӣ анҷом дода шавад, балки беҳтар аст, ки забҳи чорво дар ҷойҳои муқарраршуда ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сурат гирад. Хотирнишон месозам, ки дастгирии эҳтиёҷмандон, ятимону маъюбон ва камбизоатҳову беморон на танҳо як амали савоб, балки нишонаи имони комил, ахлоқи ҳамида ва масъулияти иҷтимоии афроди ҷомеа дар назди ҳамдигар мебошад»,-таъкид намуданд Пешвои миллат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Май 27, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд