Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80 фоиз афзоиш диҳад»

Май 26, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80 фоиз афзоиш дода, бо ин роҳ шаффофият, самаранокӣ ва устувории қабули қарорҳои марбутаро таъмин намояд.  Барои ҳалли мушкилиҳои марбута Тоҷикистон дар сатҳи миллию минтақавӣ низ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Чунин иброз намуданд Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар  Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки  26 май дар «Кохи Сомон»-и шаҳри  Душанбе оғоз гардид.

Сарвари давлат ҳамзамон изҳор доштанд, ки дар баробари ин Тоҷикистон нақша дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро зиёда аз чил баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳоро ба абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.

Президенти Тоҷикистон бо ишора ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар самти  ислоҳоти соҳаи об афзуданд, ки дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ барои татбиқи марҳилавии мудирияти ҳамгироии захираҳои об ба таври назаррас таҳким ёфта, инфрасохтори калидӣ навсозӣ гардид. Он аллакай самаранокӣ ва устувории истифодаи обро беҳтар менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад