Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 май Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.
Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки Маҷлиси намояндагон ба фаъолияти Иттиҳоди байнипарламентӣ ҳамчун яке аз минбарҳои муҳимтарини муколамаи байналмилалии парламентҳои ҷаҳон баҳои баланд медиҳад.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва рушди устуворро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилалӣ меҳисобад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд, имрӯз барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти он заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Байнипарламентӣ пайваста густариш ёфта, заминаи мусоиди муколамаи созандаи байнипарламентиро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ фароҳам овардааст.
Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентиро бо Иттиҳоди Байнипарламентӣ таъсис намуда, вусъат додани корҳоро дар ин самт зарур мешуморад.
Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст. Имрӯз таъсири тағйирёбии иқлим ба кишварҳои ҷаҳон, бахусус ба минтақаҳои кӯҳӣ зиёд эҳсос мегардад. Обшавии пиряхҳо, камшавии захираҳои об, хушксолӣ, офатҳои табиӣ ва мушкилоти марбут ба амнияти озуқаворӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки ҳамкории байналмилалиро боз ҳам тақвият бахшанд.
Дар ин раванд нақши парламентҳо дар таҳкими дипломатияи парламентии марбут ба об хеле муҳим шуморида мешавад. Парламентҳо метавонанд тавассути такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, таҳкими назорати парламентӣ ва дастгирии сиёсати давлатӣ дар ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор саҳми муассир гузоранд.
«Маҷлиси намояндагон омода аст ҳамкориро бо Иттиҳоди байнипарламентӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла масъалаҳои иқлим, рушди устувор, баробарии гендерӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти парламентӣ ва рақамикунонии фаъолияти қонунгузорӣ густариш диҳад»,-изҳор намуд Файзалӣ Идизода.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






