«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар муассисаҳои тандурустӣ таҳти унвони «Фарзанд-идомадиҳандаи оила» иқдоми маърифатӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории иқдоми маърифатӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон ва дастгирии оилаҳои ҷавон арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни иқдом ба тифлони навзод ва волидони онҳо шаҳодатномаҳои таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Иброз гардид, ки фарзанд неъмати бебаҳои зиндагӣ ва идомадиҳандаи оилаю ҷомеа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, тарбияи фарзандони солим, соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои ахлоқи ҳамида вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон ва тамоми ҷомеа мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи оила, модару кӯдак ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиёдро амалӣ менамояд. Беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳо, рушди хизматрасониҳои тиббӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин иқдоми маърифатӣ ба таҳкими пояҳои оила, баланд бардоштани масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон ва рушди ҷомеаи солим мусоидат мекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






