Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид

Май 20, 2026 13:19

ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм баргузор гардид, ки дар он аъзои кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азизбек Хайриддинзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Иброз гардид, ки бо мақсади муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар ҷумҳурӣ заминаи кофии меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст. Танҳо дар панҷ соли охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи амният» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.

Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм дар асоси абзорҳои байналмилалии дуҷониба, бисёрҷониба ва минтақавии ҳуқуқӣ ташаккул меёбад, ки ба таъмини сулҳ ва амнияти инсоният мусоидат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт кӯшиш менамояд.

Таъкид шуд, ки бо муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ, заминаи қонунгузорӣ ва таҷриба мо метавонем роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризмро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши аҳаммияти амнияти минтақавӣ пайдо намоем.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 20, 2026 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид