Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон — 2026 дар ноҳияи Данғара оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон – 2026 оғоз ёфт. Марказ дар доираи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар медиҳад.
Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири муаррифии иқтидори малакаҳои касбии шаҳрвандони мамлакат, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва ба ин васила тақвияти ҳамкории минтақавию байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Иброз гардид, ки бо ташаббуси сиёсати ғамхорона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон дар омӯзиши касбу ҳунар, баланд бардоштани малакаҳои касбиву ҳаётӣ ва омӯзиши илму донишҳои муосир шароити мусоид фароҳам гардидааст.
Иштирокчиён изҳор доштанд, ки баргузории чунин форум саривақтию муҳим буда, имкони мубодилаи малакаҳо ва таҷрибаи касбиро ба мутахассисони ҷавон фароҳам меорад ва рушди робитаҳои дӯстонаро байни давлатҳо мустаҳкам месозад. Мутахассисони соҳибкасб рушди технология ва инноватсияҳоро дар самтҳои гуногун ҷорӣ мекунанд.
Дар доираи форум озмун аз рӯи касбҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ» байни намояндагон аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида мешавад. Дар озмун ҷавонони аз 17 то 35-сола иштирок мекунанд.
Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» дар асоси созишномаҳои грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
Дар доираи лоиҳа марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, ноҳияи Восеъ ва марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Данғара бо тарҳи замонавӣ бунёд мегарданд. Дар онҳо омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддат, эътирофи салоҳияти касбӣ ва рушди малакаҳои касбӣ дар асоси принсипҳои методологияи нави таълим дар асоси салоҳият аз рӯйи 20 касби афзалиятноки соҳаҳои энергетика, сохтмон, сайёҳӣ ва кишоварзӣ амалӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон – 2026 имрӯз анҷом меёбад.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






