Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад

Май 18, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 майи соли 2026 бо ибтикори  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  форум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии иқтидори малакаҳои касбии шаҳрвандони мамлакат, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавию байналмилалӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» гузаронида мешавад.

Дар кори форум намояндагон аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон иштирок менамоянд.

Дар доираи форум аз рӯи касбҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ» озмун гузаронида мешавад. Тибқи нақша, касбомӯзон ва мутахассисони ҷавон (17-35-сола) аз рӯи касбҳои интихобнамудаашон бо ҳам рақобат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» бо мақсади рушди малакаҳои касбӣ ва фароҳам овардани имконияти бокортаъминшавӣ барои шаҳрвандони мамлакат дар асоси созишномаҳои грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Дар доираи лоиҳа дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, ноҳияи Восеъ марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ ва дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Данғара марказҳои рушди малакаҳо бо тарҳи замонавӣ бунёд карда шуданд. Дар онҳо омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддат, эътирофи салоҳияти касбӣ ва рушди малакаҳои касбӣ дар асоси принсипҳои методологияи нави таълим дар асоси салоҳият аз рӯйи 20 касби афзалиятноки соҳаҳои энергетика, сохтмон, сайёҳӣ ва кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 18, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд