Форуми байналмилалии «Об ва зеҳни сунъӣ – робитаи дуҷониба» баргузор гардид

Май 25, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Об ва зеҳни сунъӣ – робитаи дуҷониба» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, коршиносони байналмилалӣ ва шарикони рушд, муассисаҳои илмӣ, мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ иштирок намуданд.

Форум ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои баррасии робитаи мутақобилаи захираҳои обӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ, рушди инфрасохтори рақамии устувор ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои инноватсионӣ дар идоракунии самараноки захираҳои обӣ баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори масъалаҳои глобалии об ба татбиқи технологияҳои рақамӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва захираҳои обӣ аҳаммияти махсус медиҳад.

Дар доираи форум ду ҷаласаи панелӣ таҳти унвони «Об барои зеҳни сунъӣ: таъмини инфрасохтори рақамии устувор ва масъул нисбат ба захираҳои обӣ» ва «Зеҳни сунъӣ барои об: истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ барои таҳкими дастрасӣ ба захираҳои обӣ» ба масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар рушди инфрасохтори рақамӣ, фаъолияти марказҳои коркарди маълумот, татбиқи меъёрҳои экологӣ ва таъмини рушди устувори технологияҳои зеҳни сунъӣ, инчунин масъалаҳои истифодаи таҳлилҳои зеҳнӣ, мониторинги захираҳои обӣ ва истифодаи технологияҳои муосир барои пешгӯии хавфҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим бахшида шуданд.

Иштирокчиёни форум таъкид карданд, ки ҳамгироии илм, технология ва сиёсати давлатӣ метавонад барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор заминаи мусоид фароҳам оварад. Ҳамчунин, зарурати рушди иқтидори кадрӣ, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки рақамӣ дар ин самт муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар самти рушди зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ҷиҳати идоракунии устувори захираҳои обӣ изҳор намуданд.

 

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 25, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд