Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд

Май 25, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои канории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар кори форум намояндагони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявии рушд, ҷомеаи илмӣ, ниҳодҳои гендерӣ ва ҳуқуқӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим нақши фаъол ва ташаббускорона дорад.

«Ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои захираҳои об ва ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим равона гардидаанд. Тоҷикистон ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши захираҳои оби ширин ва таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд»,-афзуд муовини Сарвазир.

Зимни форум иттилоъ дода шуд, ки имрӯз беш аз 2,2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ надоранд ва беш аз 3,5 миллиард нафар аз хизматрасонии бехатари санитарӣ маҳруманд.
Ин мушкилот махсусан ба ҳаёти занону духтарон таъсири шадид мерасонанд. Соли 2023 тақрибан 380 миллион зан ва духтар дар шароити фишори баланд ё буҳронии об зиндагӣ кардаанд ва то соли 2050 ин рақам метавонад ба 674 миллион нафар расад. Ҳар рӯз занон ва кӯдакон дар саросари ҷаҳон барои овардани об тақрибан 200 миллион соат вақт сарф мекунанд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода изҳор дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои обу иқлим ва таҳкими нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Занон имрӯз дар ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва пешбурди ташаббусҳои иҷтимоию экологӣ нақши муассир доранд».

Ба андешаи Бунафша Файзиддинзода, мушкилоти вобаста ба норасоии об бештар ба ҳаёти занону кӯдакон таъсир расонида, маҳз занон дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон масъули таъмини оби рӯзгор мебошанд. Аз ин рӯ баргузории чунин форумҳо барои баланд бардоштани маърифати экологии занон, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби бештари занон ба раванди қабули қарорҳо дар бахши об заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар форум роҳбари Бюрои робитаҳои сохтори «Созмони Милали Муттаҳид — Занон» дар Осиёи Марказӣ ва намояндаи Дафтари минтақавии «СММ — Занон» дар Қазоқистон Ҷерен Гувен Гурес ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти обу иқлим намунаи муҳими ҳамкории ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд.

«Тоҷикистон дар солҳои охир дар пешбурди рӯзномаи глобалии марбут ба об нақши фаъол дошта, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ дастгирӣ меёбанд. Ҳамин аст, ки иқдомҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамоянд»,-гуфт Ҷерен Гувен Гурес.

Роҳбари Бюрои робитаҳои сохтори «Созмони Милали Муттаҳид — Занон» дар Осиёи Марказӣ баён намуд, ки нақши занон дар идоракунии захираҳои об ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим яке аз самтҳои муҳими ҳамкории байналмилалӣ ба шумор меравад. Онҳо дар таъмини амнияти обӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешбурди рушди устувор нақши калидӣ доранд ва дастгирии ташаббусҳои гендерӣ дар бахши об метавонад ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии ҷомеа мусоидат намояд.

Мавсуф изҳор дошт, ки сохтори «Созмони Милали Муттаҳид — Занон» омода аст ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи барномаҳои марбут ба баробарии гендерӣ, рушди иқтидори занон ва идоракунии устувори захираҳои об боз ҳам густариш диҳад.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии форум таъсиси платформаи байналмилалии сатҳи баланд барои бартараф намудани нобаробарӣ дар соҳаи об, тақвияти иштироки занон дар қабули қарорҳо ва таҳкими нақши онҳо дар маблағгузорӣ ва татбиқи инноватсияҳо дар бахши об буд.

Бояд гуфт, ки дар доираи форум се ҷаласаи панелӣ баргузор гардида, зимни онҳо масъалаҳои таъсиси механизмҳои мақсадноки молиявӣ барои занони соҳибкор, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар бахши об, ҳамчунин ҳамкории байналмилалӣ ва илмӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими ҳамкории фаромарзӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Иштирокчиён ҳамчунин масъалаҳои ҳамгироии баробарии гендериро бо стратегияҳои миллии об ва механизмҳои идоракунии захираҳои об дар ҳама сатҳҳо баррасӣ намуданд.

Натиҷаи асосии форум қабули Эъломияи Душанбе «Занон ва об» арзёбӣ гардида, ба фаъолияти Шабакаи шарикии «Занон ва об» низ расман оғоз бахшида шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор мегардад. Раванди оби Душанбе имрӯз ба майдони муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳо оид ба захираҳои об, санитария ва тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Томас Мануэл: «Тоҷикистон дар самти мушкилиҳои марбут ба обу иқлим давлати пешсаф муаррифӣ гардидааст»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Машварати минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми «Об ва хатарҳои иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» баргузор шуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ДУШАНБЕ. Беш аз 100 хабарнигори расонаҳои бонуфузи хориҷӣ рафти онро инъикос мекунанд
Имрӯз Фестивали об ва барномаи фарҳангии «Об — манбаи ҳаёти инсоният» баргузор мешаванд
Мартин Чунгонг: «Ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба дипломатияи об сазовори дастгирӣ дар ҳама сатҳҳо мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
Донишгоҳи сулҳи СММ саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар сулҳ, рушди устувор ва ҳамкории минтақавӣ қадрдонӣ намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд
Тшилидзи Марвала: «Пешсафии Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи энергияи «сабз» ҷомеаи ҷаҳонро илҳом мебахшад»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи муовинони Дабири кулли СММ мулоқот намуданд