Форуми сафарбаркунии сармоягузориҳои хусусӣ ва маблағгузории инноватсионӣ барои инфрасохтори об дар кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 Форуми сатҳи баланд оид ба сармоягузорӣ таҳти унвони «Сафарбаркунии сармоягузориҳои хусусӣ ва маблағгузории инноватсионӣ барои инфрасохтори об дар кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» оғоз шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари намояндаи олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикарда, рӯ ба тараққии бе роҳи баромад ба баҳр ва давлатҳои хурди ҷазиравии рӯ ба тараққӣ ташкил карда шуд.
Дар форум намояндагони ҳукуматҳо, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳҳои амалии ҷалби сармоя ба инфрасохтори устувор ва ба иқлим мутобиқшудаи обӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкиро баррасӣ менамоянд.
Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикарда, рӯ ба тараққии бе роҳи баромад ба баҳр ва давлатҳои хурди ҷазиравии рӯ ба тараққӣ Фатима Рабаб ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода зарурати таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ, густариши механизмҳои маблағгузории омехтаю инноватсионӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба сармоягузориҳои дарозмуддатро барои лоиҳаҳои инфрасохтори обӣ таъкид намуданд.


Дар форум ҳамчунин аҳамияти воситаҳои инноватсионии молиявӣ, маблағгузории иқлимӣ, механизмҳои тақсими хавфҳо ва ҳамкории минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об барои кишварҳои маҳрум аз баҳр мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.
Форум барои табодули таҷриба, таҳкими шарикӣ ва муайян намудани роҳҳои амалии суръат бахшидан ба сармоягузорӣ дар идоракунии устувори захираҳои об ва рушди инфрасохтор платформаи муҳим ба ҳисоб рафта, натиҷаҳои он ба пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






