Фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ гардид

Май 3, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зимни амалиёти назоратӣ аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар  шаҳри Душанбе ва шуъбаи экологӣ ва сайёҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои ғайриқонунии ба фурӯш баровардани гиёҳҳои шифобахш, аз қабили чукрӣ, сиёҳалаф ва дигар намуди гиёҳҳои нодир пешгирӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни амалиёт маълум гардид, ки то ҳанӯз ҳолатҳои бар хилофи қонунгузории муҳити зист амал намудани шаҳрвандон мушоҳида мешаванд.

Аз ҷумла, ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ тавассути нақлиёти шахсӣ дар ҷойҳои номуайян бе доштани ҳуҷҷати зарурӣ ба фурӯши гиёҳҳои шифобахш машғул буданд. Дар натиҷа тибқи қонунгузории амалкунанда аз тарафи нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе нисбат ба онҳо санади маъмурӣ тартиб дода шуд.

Вобаста ба пешгирии ҳолатҳои мазкур дар дигар минтақаҳои ноҳияҳои пойтахт баргузории чунин амалиёт идома меёбад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд