‎Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон қариб 9 миллион доллар афзоиш ёфтааст

Май 29, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Эрон яке аз шарикони муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, ҳамкории мутақобили судманд байни ду кишвар солҳои охир тамоюли рӯ ба рушд дорад. Аз ҷумла, дар се моҳи аввали соли 2026 гардиши савдои хориҷӣ байни ду давлат 119,6 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 8,9 миллион доллар ё 8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ин хусус дар ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки таҳти раёсати ҳамраисони комиссия – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, захираҳои об, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, илм ва технология, инчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳоро баррасӣ намуданд.

‎Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо саъю талош ва иродаи қавии роҳбарони олии ду давлат муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Эрон имрӯз ба сатҳи сифатан нави рушд расидаанд.

‎ Таъкид шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи навбатии комиссия ба боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкории судманд, фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи тарҳҳои нави муштарак ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯсту ҳамзабон мусоидат мекунанд.

‎

‎ Дар анҷоми ҷаласа ҳамраисони комиссия Протоколи ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ба имзо расониданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд