Гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои танзими нархи семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронид

Май 30, 2026 10:35

ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 май баён гардиданд, аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани мониторинги бозори истеъмол ва фурӯши семент дар ҳудуди ҷумҳурӣ, инчунин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии болоравии беасоси нархҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд, аъзои гурӯҳи корӣ 28 май ба бозорҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон равона гардиданд.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз нимаи дуюми моҳи майи соли равон камчинии маҳсулоти семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида расид. Ҳамзамон нархи он рӯ ба афзоиш ниҳода, аз 70 то 85 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва тадбирҳои андешидаи якҷояи кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва корхонаҳои истеҳсоли семент вазъияти бамиёномада дар як шабонарӯз ба эътидол омад.

Ҷараёни мониторинги 29 май гузаронида нишон дод, ки нархи як халта семент дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 54 то 60 сомонӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо назардошти хароҷоти ҳамлу нақл ва бурда расонидани мол то минтақаи муайяншуда то 65 сомонӣ ва дар шаҳри Душанбе аз 54 то 60 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар вилояти Суғд нархи як халта семент аз 60 то 65 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон аз 54 то 63 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бо баён гардидани дастуру супоришҳои қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунанда маҳсулоти семент дар нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо таъмин шуда, нархи семент муътадил мегардад.

Новобаста ба ин гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ фаъолиятро идома дода, то пурра ба эътидол омадани вазъ барои ба танзим даровардани нарх тамоми чораҳои заруриро амалӣ ва маълумоти иловагӣ манзур менамояд.

АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2026 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд