Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд

Май 21, 2026 13:50

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масоили умдаи робитаҳои мавҷуда мубодилаи афкор намуда, аз тавсеаи ҳамкории босамар, хусусан дар доираи Шабакаи ҳушдори аввалия дар самти муқовимат бар зидди терроризм барои давлатҳои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Каха Имнадзе фаъолияти Марказро дар самти татбиқи ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, хусусан дар самти амният назаррас арзёбӣ намуда, Форуми амниятии Осиёи Марказиро, ки 30 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегӣ бо доираи васеи коршиносони минтақа баргузор шуд, хеле саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ кард.

Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки соли равон ҳамзамон Марказ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баргузории даври сеюми Форуми марказҳои зеҳнии Кореяи Ҷанубӣ – Осиёи Марказӣ ва Форуми дуюми сулҳи Фарғонаро ба нақша гирифтааст. Ин форумҳо дар таҳкими муколамаи минтақавӣ, густариши ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ, табодули таҷриба ва таҳкими фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ дар байни кишварҳои минтақа аҳамияти муҳим хоҳанд дошт.

Каха Имнадзе ин ташаббусҳои Тоҷикистонро истиқбол намуда, таъкид кард, ки ҳамоишҳои мазкур дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ, рушди муколамаи сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкории бисёрҷониба байни кишварҳои иштирокдор заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо дигар масъалаҳои муҳими марбут ба обу иқлимро баррасӣ карда, нақш ва ҷойгоҳи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим махсус таъкид намуданд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2026 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд