ХИРАДЕ, КИ МИЛЛАТРО НАҶОТ ДОД! Формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва акси садои он дар арсаи ҷаҳон

Май 31, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 31.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар Қасри миллат маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилшод Сафарзода доир ба сарфароз гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҷоиза чунин ибрози назар намуд:

— Таърихи башарият собит намудааст, ки лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсози сиёсӣ зуҳури шахсиятҳои бузургу таърихиеро тақозо мекунанд, ки бо хиради фитрӣ, дурандешӣ ва иродаи шикастнопазир метавонанд маҷрои ҳаводиси даҳшатборро дигар сохта, миллати худро аз вартаи нестӣ ба соҳили наҷот, субот ва шукуфоӣ расонанд. Ва дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ин рисолати бузург, қудсӣ ва таърихиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зимма гирифта, дар шароите, ки пояҳои ҷумҳурии ҷавони мо зери таҳдиди ҷиддии парокандагиву нестӣ қарор доштанд, тавонистанд бо сиёсати сулҳҷӯёна, ҷасорати беназири сиёсӣ ва тинати инсондӯстона ба фарҳанги нави ҳамзистии осоишта замина гузоранд ва миллатро муттаҳид созанд. Ин мактаби нодири сулҳофарӣ, ки бар пояи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ва иродаи устувори мардуми шарифи Тоҷикистон такя мекард, имрӯз аз доираи як дастоварди маҳаллӣ ё миллӣ ба куллӣ берун рафта, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои бонуфузи сайёра ҳамчун намунаи ибратбахш, беҳтарин таҷрибаи таърихӣ ва яке аз моделҳои муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ эътироф гардидааст.

Бозгӯи равшани ин эътирофи ҷаҳонӣ ва қадршиносии олии ҷомеаи байналмилалӣ сарфароз гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза ва Эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Маросими сарфарозгардонӣ бо он 25 майи соли равон дар Қасри миллат на танҳо рӯйдоди рамзии дипломатӣ, балки арҷгузории воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба талошҳои хастагинопазири ин абармарди сиёсат дар роҳи эҳё ва ҳифзи давлатдории миллӣ, таҳкими ваҳдат ва пойдории суботи минтақавӣ маҳсуб мешавад. Ин эътирофномаи сатҳи баланд нишон медиҳад, ки сиёсати дохилии устувор ва фарҳанги таҳаммулгароие, ки Роҳбари давлат дар ҷомеаи Тоҷикистон таҳким бахшиданд, заминаи боэътимодеро барои табдил ёфтани ҷумҳурии мо аз як субъекти муқаррарии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба актори фаъол, таъсиргузор ва ташаббускори сиёсати ҷаҳонӣ фароҳам оварда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷомеаи байналмилалӣ мамлакати моро таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун давлати пешсаф дар ҳалли масъалаҳои муҳими сайёра, бахусус дар самти дипломатияи об, муқовимат бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор эътироф намуд.

Аз ин рӯ, бояд гуфт, ки эътирофи баланди Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар собит месозад, ки «Формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон» на танҳо Тоҷикистонро аз вартаи нестшавӣ наҷот дод, балки он ба мактаби бузурги сулҳофарӣ барои тамоми башарият табдил ёфт. Маҳз ҷасорати сиёсӣ ва хиради фитрии Роҳбари давлат дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта имкон дод, ки дар шароити фалаҷ гардидани сохторҳои давлатӣ ва таҳдиди парокандагии миллат оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ хомӯш карда шавад.

Қобили гуфтан аст, ки изҳороти таърихии Пешвои миллат дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки устуворона ваъда дода буданд, ба мамлакат сулҳ меоранд ва ҳеҷ як гурезаро дар хориҷ аз ватан бесарпаноҳ намегузоранд, заминаи аввалини эътимоди миллиро ба вуҷуд оварда, сарчашмаи зуҳури модели сулҳе гашт, ки бо хусусиятҳои беназири худ, аз ҷумла усули авфи умумӣ, гузаштҳои дуҷониба ба хотири манфиатҳои олии миллат ва ҳамкории созанда бо созмонҳои байналмилалӣ имрӯз дар таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодир ва ибратбахш омӯхта мешавад.

Тақдими ҷоиза ва Эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид ба Сарвари давлат дар Қасри миллат бори дигар собит намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши ин мактаби сулҳофариро ба таври воқеӣ қадр мекунад ва эътирофи сатҳи баланд бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар воқеъ муваффақ шуд, ки ба суботи сиёсӣ ноил гардад ва маҳз ҳамин суботи боэътимоди дохилӣ шароит фароҳам овард, то ҷумҳурии мо дар ҳалли масъалаҳои муҳими сайёра, бахусус дар самти дипломатияи об, эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо таҳдидҳои замони муосир пешсаф бошад.

Акси садои ин рӯйдоди бузург дар арсаи байналмилалӣ гувоҳи он аст, ки сиёсати инсондӯстона ва фарҳанги таҳаммулгароии тоҷикон на танҳо кафили шукуфоии имрӯзаи мо, балки намунаи равшани сулҳхоҳӣ барои тамоми башарият мебошад.

Аз ин бармеояд, ки сарфароз гардидани Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза — Эътирофномаи олии Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар ҳақиқати инкорнашавандаи таърихиро ба ҷаҳониён нишон дод — хираде, ки миллати тоҷикро аз нестӣ наҷот дод, имрӯз ба моликияти маънавии башарият ва чароғи ҳидояти сулҳхоҳони сайёра табдил ёфтааст.

«Формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон» исбот кард, ки силоҳи муқтадиртарин дар баробари ҷанг ва харобӣ — ин ақл, таҳаммул, гузашт ва муҳаббати бепоён ба Ватан аст. Ин ҷоизаи сатҳи баланд на танҳо эътирофи хизматҳои таърихии Роҳбари давлат, балки эътирофи фарҳанги волои сулҳхоҳии тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки бо доштани чунин Пешвои сулҳофару дурандеш ва чунин Ватани ободу озод ифтихор намояд. Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои худ бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон пеш меравад ва акси садои сулҳи мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун паёми сулҳу дӯстӣ, созандагӣ ва ҳамзистии осоишта то абад танинандоз хоҳад монд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд