Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардидааст. Чунин мақоми он дар баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла чорабиниҳои давлатӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ зоҳир мегардад.
– Нависандаи амрикоӣ, коршиноси соҳаи психология, тиҷорат ва роҳбарӣ Брайян Трейси 10 хислати роҳбарони муваффақро-ҳадафмандӣ, эътимоднокӣ, руҳияи ғалабаофар, самимият, огоҳии хуб, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон, муоширати сатҳи баланд, одоби нек ва суботкорӣ арзёбӣ намудааст. Ин хислатҳо дар симои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳувайдо мебошанд. Маҳз чунин хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ заминаи боэътимод барои пешравӣ, шукуфоии пойтахт ва баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд.
Қабул гардидани қатънома дар бораи Рӯзи ҷаҳонии футбол (25 май) боиси хушнудӣ ва сарбаландии ҳар сокини мамлакат ва далели баланд гардидани мақому манзарати Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин барои ҷавонони соҳибдилу саодатманди мамлакат дар асри XXI дастоварди беназир мебошад.
Ҳар дақиқаю ҳар соат тағйирот дар самтҳои гуногуни рушди пойтахт гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки шаҳри Душанбе дар рейтинги беҳтарин пойтахтҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷойгир мешавад. Тамоми он пешравиҳои беназир ва технологияҳои соҳаи меъморӣ, ландшафт, беҳсозии атроф, баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони пойтахт, эҳёи ҷойи нави кор бо таваҷҷуҳпазирӣ ба рушди зеҳнӣ, махсусан ҷавонон, дастгирии онҳо дар доираи иштирок дар озмунҳо ва мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва таъсиси ҷоизаҳо дар ин раванд фаъолияти Рустами Эмомалиро ҳамчун шахси дорандаи тафаккури креативӣ нишон медиҳанд. Ин ҳаммаъно ба ҳадафҳои конференсияи байналмилалии дар Куала-Лампур (Малайзия) баргузоргардида таҳти унвони «Асри XXI–асри тафаккур» мебошад. Аз ин мавқеъ, рушди неруи зеҳнӣ чун «муҳимтарин воситаи тафаккур» шинохта шудааст. Тоҷикистон аз лиҳози пазируфта шудани панҷ пешниҳоди сатҳи байналмилалии Пешвои миллат Пешвои асри XXI аз ҷониби созмонҳои бонуфузи олам мебошад.
Қадамҳои устувор дар ин раванд аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташкили «шаҳри ҳушманд» (Smart City) ва марказҳои зиёди татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар самтҳои гуногуни фарогирии кӯдакон, хонандагон ва донишҷӯён ба ҳисоб мераванд. Бо истифода аз таҷрибаи мазкур татбиқи босамари масъалаҳо оид ба идораи донишҳо дар ҳама самтҳо муҳайё мегарданд, ки бо мазмуни китоби Никколо Макиавелли «Роҳбар» — дар бораи «санъати идоракунии одамон ва давлат» тавъам мебошад. Дар ҳама гуна ҳолатҳо барои роҳбарони муваффақ монеаҳо ва мушкилот низ пеш меояд. Тавре ки дар китоби мазкур таъкид гардидааст, Таэ Юн Ким бартараф намудани ин монеаҳоро ба тарзи зайл баён менамояд: «Ба самте бояд ҳаракат намуд, ки мушкилот вуҷуд дошта бошанд ва зимни ҳалли онҳо ҳамеша муваффақ бояд гардид». (Бомбора, Москва — 2024). Ин хислатҳо аз нуқтаи назари пешравиҳо дар самтҳои гуногуни фаъолияти Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ эҳсос карда мешаванд.
Ворид намудани техника ва технологияи навин, махсусан чароғон намудани кӯчаҳо ва хиёбонҳо таваҷҷуҳи зиёди на танҳо сокинони мамлакат, инчунин меҳмонону сайёҳонро низ ҷалб менамояд. Ин на танҳо зебоии шаҳр, балки сатҳи рушди зеҳнӣ ва таваҷҷуҳпазирии пойтахтро дар муқоиса ба дигар давлатҳои пешрафта боз ҳам дар сатҳи баланд муаррифӣ менамояд.
Дастгирии варзишгарони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ оид ба ҳавасмандгардонии онҳо, яъне туҳфаҳои хотиравӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар тарзи қадршиносии онҳо таҷрибаи беҳамтост.
Аз нуқтаи назари муаллиф, фаъолияти муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар сатҳи идоракунии пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, ҳамчунин дар сохторҳои қонунгузорӣ ва намояндагии сиёсӣ намунаи татбиқи сиёсати давлатдорӣ дар самти навсозии инфрасохтор, беҳтарсозии муҳити шаҳрсозӣ ва таҳкими низоми идоракунии муосир арзёбӣ мегардад. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои стратегӣ шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои ташкилии чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангии минтақа табдил ёфтааст.
Тавре ки Ҷон С.Максвелл аз нигоҳи интихоби расидан ба ҳадафҳои сатҳи баланд иброз менамояд, «мавқеъгирӣ — ин эҳсоси ниҳонӣ мебошад, ки тавассути рафтор ифода мегардад», аз ин лиҳоз тағйироти ҳаррӯза дар пойтахти мамлакат аз мавқеъгирии воқеии Раиси шаҳри Душанбе гувоҳӣ медиҳанд. Криштиану Роналду, футболбози маъруф дар китоби «77 дарси лидерӣ», ки муаллифони он Исҳак Пинтонсевич ва Владимир Воронов мебошанд, чунин гуфтааст: «Ба ман майли талош барои пирӯзиҳо хос аст», бо чунин маъно метавон он мувафақиятеро, ки дар пойтахти мамлакат рӯй дода истодаанд, шарҳ дод. Рэнди Гейҷ низ таъкид менамояд, ки «пешравии беназир танҳо ба онҳое муяссар мегардад, ки ба сӯи он ҳамарӯза саъй менамоянд».
Ин дар тарз ва маҳорати роҳбарӣ аз нигоҳи фаъолияти Рустами Эмомалӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва иштирокашон дар равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат ҳамчун унсури муҳими таҳкими нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ зоҳир мегардад. Албатта, дар дигар самтҳо низ, яъне саноатикунонии босуръати пойтахт, ҷалби сармоягузориҳо, пешравиҳо дар соҳаҳои гуногун, дастовардҳои зиёде мавҷуд мебошанд, ки сокинони пойтахт ва кишвар аз онҳо огоҳанд.
Нуралӣ ШОҲИЁН,
доктори илмҳои педагогӣ








ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ






