ХОТИРАЕ, КИ МИЛЛАТРО ЗИНДА МЕДОРАД. Иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба пос доштани хотираи чеҳраҳои бузурги миллӣ ҳифзи асосҳои маънавии давлатдории муосири тоҷиконро ифода менамояд

Май 19, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи қисмате аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.

Иштироки Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад.

Воқеан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи Ватан мавриди омӯзиш ва қадршиносии шоиста қарор гирифта, ном ва корномаи онҳо ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқату фидокорӣ ба давлату миллат гиромӣ дошта мешавад.

Ин иқдоми наҷибона идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шуда, бори дигар собит менамояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

— Дар шароите, ки ҷаҳони имрӯз бо таҳаввулоти сиёсӣ, геополитикӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ аст, ҳифзи хотираи таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Миллате, ки гузаштагони худро фаромӯш мекунад, ояндаи худро низ аз даст медиҳад. Аз ҳамин нуқтаи назар иқдоми Пешвои муаззами миллат дар пос доштани хотираи чеҳраҳои бузурги миллӣ на танҳо амали эҳтиром ба гузашта, балки ҳифзи асосҳои маънавии давлатдории муосири тоҷикон мебошад.

Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи шахсиятҳое буданд, ки барои таъсиси давлатдории тоҷикон дар давраи бисёр ҳассоси таърихӣ мубориза бурданд. Онҳо дар замоне зиндагӣ мекарданд, ки ҳастии миллати тоҷик зери хатар қарор дошт. Дар оғози асри ХХ масъалаи тақсимоти миллӣ ва ҳудудӣ дар Осиёи Марказӣ сарнавишти халқҳоро муайян мекард. Дар ҳамин шароит ин фарзандони миллат барои исботи ҳаққи тоҷикон ба давлатдорӣ, забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мубориза бурданд. Онҳо медонистанд, ки агар тоҷикон соҳиби давлат нашаванд, хатари аз байн рафтани миллат ва фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикӣ вуҷуд дорад.

Дар чунин шароит пос доштани хотираи онҳо аҳамияти бузурги сиёсӣ ва маънавӣ дорад. Давлате, ки қаҳрамонони худро гиромӣ медорад, ба шаҳрвандони худ сабақи ватандӯстӣ ва худшиносӣ медиҳад. Маросими гирифтани хок аз қабри ин шахсиятҳо ҳамчун рамзи бозгашт ба решаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба муборизаи онҳо маънои амиқ дорад.

Дар баробари Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур номи Нисор Муҳаммад низ барои миллати тоҷик арзиши бузурги маънавӣ дорад. Ӯ аз ҷумлаи фарзандони содиқ ва бедордили миллат буд, ки умри худро ба хизмати мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди маърифати ҷомеа бахшидааст. Нисор Муҳаммад дар замоне зиндагӣ ва фаъолият мекард, ки миллат ба инсонҳои боирода, худшинос ва ватандӯст ниёз дошт. Ӯ бо сухан, андеша ва мавқеи худ мардумро ба эҳтиром ба Ватан, забон ва фарҳанги миллӣ даъват мекард.

Нисор Муҳаммад низ аз ҷумлаи шахсиятҳое буд, ки дарди миллатро дар қалб дошт ва барои ояндаи беҳтари Тоҷикистон мубориза мебурд. Имрӯз ёдоварӣ аз номи ӯ танҳо эҳтиром ба як шахс нест, балки арҷгузорӣ ба тамоми насли равшанфикрон ва фарзандони содиқи миллат мебошад.

Маҳз ҳамин гуна шахсиятҳо буданд, ки ҳисси худшиносӣ ва муҳаббат ба Ватанро дар ҷомеа зинда нигоҳ доштанд. Агар миллат чунин фарзандони худро фаромӯш кунад, тадриҷан робитаи маънавии худ бо таърихро аз даст медиҳад. Аз ҳамин сабаб, зикри номи Нисор Муҳаммад дар баробари поягузорони давлатдории тоҷикон нишон медиҳад, ки давлат имрӯз хизматҳои тамоми фарзандони арзандаи миллатро гиромӣ медорад ва намегузорад, ки номи онҳо дар саҳифаҳои таърих гум шавад.

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи хотираи таърихии миллат бениҳоят бузург аст. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар шароити бисёр мушкил қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони иқтисодӣ ва хатари аз байн рафтани давлат вуҷуд дошт. Дар чунин вазъият на танҳо масъалаи барқарор кардани сулҳу субот, балки масъалаи эҳёи ҳувияти миллӣ низ аҳамияти ҳаётӣ дошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал дарк мекарданд, ки барои сохтани давлати муосир танҳо иқтисод ва сиёсат кофӣ нест. Миллат бояд ба таърих, фарҳанг ва шахсиятҳои бузурги худ такя кунад. Аз ҳамин хотир, сиёсати давлатӣ дар самти эҳёи хотираи таърихӣ ба яке аз самтҳои муҳими давлатдорӣ табдил ёфт.

Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат номи бисёр шахсиятҳои таърихӣ дубора зинда гардид. Осори илмӣ ва таърихӣ нашр шуданд, ёдгориҳо бунёд гардиданд, кӯчаҳо ва муассисаҳо ба номи фарзандони бузурги миллат гузошта шуданд. Агар дар давраи муайяни таърих номи Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур камтар ба забон оварда мешуд, имрӯз онҳо ҳамчун поягузорони давлатдории тоҷикон эътироф шудаанд.

Ин раванд танҳо сиёсати фарҳангӣ нест, балки мубориза барои ҳифзи ҳувияти миллӣ мебошад. Дар ҷаҳони муосир, ки фарҳангҳои гуногун ба ҳам таъсир мерасонанд, миллатҳо танҳо дар ҳолате метавонанд ҳувияти худро нигоҳ доранд, ки ба таърих ва арзишҳои худ такя намоянд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ин ҳақиқатро ба сиёсати давлатӣ табдил диҳанд.

Маросими баргузоршуда дар Федератсияи Русия инчунин аҳамияти дипломатӣ дошт. Вохӯриҳои ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти сохторҳои марбутаи Федератсияи Русия нишон дод, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия танҳо бо манфиатҳои иқтисодӣ ё амниятӣ маҳдуд намешаванд, балки дорои заминаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ низ мебошанд. Тоҷикистон ва Русия давоми даҳсолаҳо робитаҳои амиқи сиёсӣ ва башардӯстона доранд. Ҳузури намояндагони ду давлат дар чунин маросим нишонаи эҳтироми мутақобил ба таърих ва арзишҳои инсонӣ мебошад.

Дар айни замон чунин чорабиниҳо барои ҷавонон низ аҳамияти калон доранд. Насли ҷавон бояд донад, ки давлатдорӣ ва истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ҳар порчаи ин сарзамин, барои ҳар як ҳарфи забони тоҷикӣ, барои ҳифзи фарҳанг ва миллат шахсиятҳои зиёде мубориза бурдаанд. Агар ҷавонон аз ин таърих огоҳ набошанд, эҳсоси масъулият нисбат ба Ватан низ заиф мегардад.

Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор қарор дорад. Бунёди роҳҳо, неругоҳҳо, мактабҳо ва корхонаҳо муҳим аст, аммо бунёди инсон аз ҳама муҳимтар мебошад. Инсон вақте ватандӯст мешавад, ки таърихи худро бидонад ва ба қаҳрамонони миллат эҳтиром гузорад. Аз ҳамин сабаб, сиёсати давлат дар самти эҳёи хотираи таърихӣ як масъалаи стратегии миллӣ мебошад.

Имрӯз тадриҷан адолати таърихӣ барқарор мешавад. Ном ва хизматҳои шахсиятҳое, ки барои миллат мубориза бурданд, дубора ба ҷойгоҳи шоиста бармегарданд.

Аммо дар баробари ин ҷомеа бояд аз фоҷиаҳои таърихӣ низ сабақ гирад. Қисмати Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур нишон медиҳад, ки беадолатии сиёсӣ метавонад ҳатто фарзандони беҳтарини миллатро қурбон кунад. Аз ҳамин сабаб, ҳифзи сулҳ, ваҳдат ва суботи сиёсӣ барои Тоҷикистон аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Миллате, ки ҷанги дохилиро аз сар гузаронидааст, бояд қадри оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиро бештар донад.

Дар ин миён нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ ва ваҳдати миллӣ боз ҳам равшантар мешавад. Агар сулҳ намебуд, эҳёи хотираи миллӣ низ имконнопазир мегардид. Давлате, ки дар гирдоби ҷанг қарор дорад, наметавонад ба рушди фарҳанг ва худшиносӣ машғул шавад. Аз ҳамин хотир, сулҳу субот заминаи асосии тамоми дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон мебошад.

Пос доштани хотираи шахсиятҳои миллӣ инчунин ба таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ мусоидат мекунад. Миллате, ки ба фарзандони бузурги худ эҳтиром мегузорад, дар назди дигарон низ соҳиби обрӯ мегардад. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати дорои фарҳанги қадимӣ ва таърихи бой шинохта мешавад. Ин обрӯ танҳо бо дипломатия ба даст намеояд, балки аз ҳисоби ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ низ ташаккул меёбад.

Маросими гузоштани капсулаҳо бо хок аз қабри қаҳрамонони миллат як амали рамзӣ бошад ҳам, дар асл дорои маънои амиқи сиёсӣ ва ахлоқӣ аст. Хок рамзи Ватан мебошад. Вақте хоки қабри фарзандони миллат бо эҳтиром ба Тоҷикистон оварда мешавад, ин гӯё бозгашти руҳонии онҳо ба оғӯши Ватан аст. Ин амал дар қалби мардум эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва пайванди маънавиро бедор мекунад.

Дар ҷомеаи имрӯз, ки баъзан арзишҳои моддӣ бар арзишҳои маънавӣ ғолиб меоянд, чунин чорабиниҳо аҳамияти махсус доранд. Онҳо ба мардум хотиррасон мекунанд, ки давлатдорӣ танҳо маҷмуи сохторҳои сиёсӣ нест. Давлат, пеш аз ҳама, хотира, фарҳанг, забон ва эҳсоси ягонагии миллӣ мебошад.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ маънои бутсозӣ надорад. Баръакс, ҷомеа бояд зиндагӣ ва фаъолияти онҳоро бо таҳлили воқеӣ омӯзад. Онҳо низ инсон буданд, бо мушкилот, иштибоҳҳо ва муборизаҳои худ. Аммо хизматҳои онҳо дар назди миллат инкорнашаванда аст. Таърих бояд бо адолат ва ҳақиқат омӯхта шавад, на бо эҳсосоти гузаро.

Имрӯз вазифаи зиёиён, таърихнигорон ва рӯзноманигорон аз он иборат аст, ки ҳақиқати таърихиро ба мардум, махсусан ба ҷавонон расонанд. Агар таърих ба таври дуруст омӯзонида нашавад, ҷойи онро овоза ва таҳриф мегирад. Аз ҳамин сабаб, нашри китобҳо, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва мақолаҳои таҳлилӣ дар бораи шахсиятҳои миллӣ бисёр муҳим аст.

Ин иқдоми ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки Тоҷикистон имрӯз сиёсати хориҷии фаъол ва мутавозинро пеш мебарад. Давлате, ки ба таърихи худ эҳтиром мегузорад, дар муносибатҳои байналмилалӣ низ боэътимод ва устувор менамояд. Тоҷикистон имрӯз на танҳо мамлакати соҳибистиқлол, балки давлати дорои мавқеи муайян дар минтақа мебошад.

Дар маҷмуъ, ин рӯйдод бозгӯи сиёсати давлат дар самти ҳифзи хотираи таърихӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи миллат мебошад. Он нишон дод, ки Тоҷикистон имрӯз ба гузашта бо эҳтиром менигарад ва аз таърих барои сохтани ояндаи худ сабақ мегирад.

Хотираи Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад ва дигар фарзандони фарзонаи миллат бояд ҳамеша зинда бошад, зеро онҳо барои бақои миллат ва давлатдорӣ мубориза бурданд. Агар имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол вуҷуд дорад, дар ин миён саҳми онҳо низ ҷойгоҳи махсус дорад. Пос доштани хотираи онҳо танҳо эҳтиром ба гузашта нест, балки ҳифзи виҷдон, худшиносӣ ва ҳастии миллат барои наслҳои оянда мебошад.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили 
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 19, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
Маросими ҷаноза ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гузоштани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД! Нусратулло Махсум барои муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додааст
Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд
Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин таҳким меёбанд
Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем
Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
ПЕШГИРӢ АЗ ХУШУНАТ–ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ОИЛАИ СОЛИМ. Дар ин мавзуъ бо сокинони Файзобод вохӯрӣ доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд