«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад

Май 6, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Хуттали Қадим дар континуитети таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ташаккули ҳувияти миллии халқи тоҷик» маҷмуаи илмӣ ба табъ расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Маҷмуа аз муқаддима ва 7 қисми асосӣ иборат мебошад. Он таҳқиқи фарогир ва муназзами илмӣ дар омӯзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни Хуттал ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмуа масъалаҳои бостоншиносӣ, антропология, давлатдорӣ, равандҳои сиёсию иқтисодӣ, забон ва катибашиносӣ, фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, топонимӣ, санъат ва анъанаҳои мусиқӣ, инчунин сиккашиносӣ ва муомилоти пулӣ инъикос ёфтаанд.

Навгонии асосии маҷмуа аз он иборат аст, ки  бори нахуст дар таърихнигории Тоҷикистон Хуттал  дар заминаи мафҳуми континуитет  ҳамчун раванди давомдори таърихӣ ва тамаддунӣ таҳлил карда шудааст. Ин равиши методологӣ имкон медиҳад, ки равандҳои антропологӣ, институтсионалӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар низоми ягона ва бо мантиқи дохилии худ фаҳмида шаванд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти пешниҳодшуда нишон медиҳанд, ки Хуттали Қадим ҳамчун яке аз ҳавзаҳои муҳимми таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ дар ташаккули равандҳои тамаддунӣ ва ҳувияти миллии халқи тоҷик нақши барҷаста дорад.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 6, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд