Иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre» ба маърази тамошо гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар «Dushanbe EXPO Centre» — Маркази намоишгоҳи шаҳри Душанбе ба маърази тамошои иштирокдорону меҳмонони ин чорабинӣ гузошта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мудири кулли ФАО Тсюй Дунъюй зимни шиносоӣ бо намоиши иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон ба иқтидори истеҳсолию саноатии Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон корхонаю коргоҳҳо маҳсулоти гуногуни ватанӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк, асал, маҳсулоти ширӣ, нӯшокиҳо, маҳсулоти қаннодӣ, консерваҳо, маҳсулоти нассоҷӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин имконияти содиротии мамлакат, технологияҳои муосири коркарди маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ муаррифӣ гардид.
Иштирокдорон ба сифати баланди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ва имконияти тавсеаи ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки чунин намоишгоҳҳо барои муаррифии иқтидори содиротии мамлакат, ҷалби сармоя ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ 11–15 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди устувори кишоварзӣ ва муқовимат ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ менамоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»























Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






