ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст

Май 9, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт,  солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ низ дар шароити имрӯзаи китобхонаҳо яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

–Дар шароити имрӯза яке аз омилҳои муҳими пешрафти фаъолияти китобхонаҳо истифодаи самараноки  технологияҳои иттилоотӣ аст, ки ба рушди воситаҳои компютерӣ ва шабакаҳои телекоммуникатсия робитаи зич дорад. Зеро истифодаи мақсадноки технологияҳои номбурда барои рушд ва такмили низоми кор фазои сифатан нави иттилоотӣ фароҳам меорад.

Масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар шароити имрӯза, воқеан омили муҳими рушди соҳа ба ҳисоб меравад. Зеро баланд бардоштани такмили ихтисоси китобдорон дар шароити босуръат зиёд шудани иттилоот ва тайёр намудани мутахассисони касбии ҷавобгӯ ба замони имрӯза хеле муҳим аст.

Дар низоми тайёр кардан ва азнавтайёркунии кормандони китобхонаҳо дар айни замон душвориҳои муайяне вуҷуд доранд:

  • нарасидани омӯзгорони баландихтисоси фанҳои муосири тахассусӣ, аз қабили маркетинг ва менеҷменти китобхона, технологияи иттилоотӣ, китобхонаҳои электронӣ, низоми шабакаҳои корпоративии (гурӯҳӣ) китобхонаҳо ва ғайра;
  • нарасидани адабиёти таълимию методӣ, китобҳои электронӣ барои таълими фосилавӣ ва дигар адабиёт оид ба фанҳои муосири китобдорӣ;
  • низоми нокифояи маҷудаи бозомӯзии кормандони китобхонаҳо.

Дар заминаи омӯзишу таҳлилҳои низоми такмили ихтисос ва азнавтайёркунии китобдорон дар ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани он чанд таклиф пешниҳод менамоем:

— ташкили даврҳои такмили ихтисос оид ба истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар самтҳои рақамигардонии фонд, таъсиси китобхонаҳои рақамӣ ва услуби таҳияи дастурҳои библиографӣ дар назди филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон»;

— мутамарказгардонии неруҳои илмию педагогии соҳаи китобдорӣ барои тарбияи китобдорон, даст кашидан аз тайёркунии кадрҳои китобдорӣ дар муассисаҳои олии мамлакат, ки дорои чунин неру нестанд;

— дар заминаи шартномаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ ба кишварҳои мутараққӣ фиристодани довталабоне, ки ба касби китобдорӣ майл доранд;

— комилан тағйир додани низоми мавҷудаи такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон дар ҷумҳурӣ;

— фаъолияти тамоми марказҳои таълимӣ, илмӣ ва китобхонаҳо бояд ҳамоҳанг сохта шуда, барномаи воқеӣ ва илман асосноки такмили ихтисос ва бозомӯзии  китобдорон таҳия карда шавад;

— дар пойтахт ва маркази вилоятҳо барои китобдорони китобхонаҳои давлатию оммавӣ ташкил намудани машғулиятҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои рӯзмарраи китобдорӣ-иттилоотӣ;

— ташкил намудани даврҳои омӯзишӣ оид ба истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва барномаҳои соҳавӣ дар фаъолияти китобхонаҳо;

— ҳар се сол аз даврҳои такмили ихтисос гузаронидани кормандони китобхонаҳо, махсусан китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ.

Хулоса, бо назардошти пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир низоми такмили ихтисос имкон медиҳад, ки китобдори имрӯза бо шаклу услубҳои нави хизматрасонӣ ва истифодаи навгониҳои технологияи муосир бештар шинос шавад, ки ин заминаи воқеии баланд бардоштани сифати фаъолияти касбиро татбиқ менамояд. Китобхонаҳои муосир ба мутахассисони касбӣ ниёзи бештар доранд, зеро эҳтиёҷи ҷомеа босуръат ва зуд тағйир меёбад ва он воридшавии технологияи муосирро тақозо дорад.

Зафари ШАРИФ,
директори Хонаи китоби Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Май 9, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд