Идомаи Конфронси байналмилалии Душанбе: таваҷҷуҳ ба масъалаҳои об ва иқлим
ДУШАНБЕ, 26.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Қисмати дуюми Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷараён гирифта, оид ба барномаи Конфронси 4-уми байнамиллалии сатҳи баланд, пайвасти натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 ба Конфронси 4-уми байналмиллалии сатҳи баланди соли 2026 ибрози назар карда шуд.
Дар ин замина ҳамбастагии Конфронси оби СММ 2023 ва Раванди оби Душанбе, аз ҷумла таъмини идомаи муҳокимаҳои Конфронси оби СММ 2023 дар Раванди оби Душанбе дар чаҳорчӯби Конфронси 4-уми байналмиллалии Душанбе оид ба Даҳсолаи амал баррасӣ гардида, вобаста ба андешидани тадбирҳои муассир дар заминаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳодҳои мушаххас карда шуд.
Дар идома таъкид шуд, ки тадбирҳои муштараки ҳамоҳангсозӣ ва тақвиятдиҳандаи робитаҳои судманд дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об тақозои замон буда, дар раванди дигаргуниҳои табиӣ ва зарурати дастраси ба оби ошомиданӣ бо ҳамовозӣ бояд сурат гирад.
Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва бозгуии оқибатҳои раванди дигаргуниҳои иқлимӣ пешоҳангӣ нишон дода, аз рӯи пешниҳодҳои мушаххас консепсия ва нақшаҳои амалро муаррифӣ намудааст, ки бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ, хосса қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади таъмини сатҳи баланди некуаҳволии сокинони сайёра роҳандозӣ мешаванд.
Изҳор гардид, ки омӯзиши масоили марбут ба рушд, натиҷагирӣ аз раванди татбиқи барнома ва муқаррароти амал, бо роҳи муайян намудани дурнамои самараноки фаъолият дар давраи наздик бояд натиҷа диҳад. Зеро ҳамоҳангиҳо дар робита ба баррасии мушкилоти сайёра дар робита ба эҳтиёҷот ба об ва омӯзиши пешниҳодоти расмии коршиносони байналмиллалӣ роҳҳои коҳиш додани дигаргуниҳои табиӣ, аз ҷумла дастрасиро ба оби ошомиданӣ мушаххас менамояд.
Бо дар назардошти тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо ва татбиқи назарраси тавофуқоти то ба ин дам ҳосилгардида барои пешбурд, тасмимҳои хос гирифта мешеванд, ки аз рӯи он фаъолияти бозҳам таҳким бахшида мешавад.
Дар идома сиёсатмадорон, коршиносони байналмилаливу соҳавӣ ва гӯяндагони созмону ташкилотҳои бонуфуз: — иштирокчиёни Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор бо ёдрасии ташаббусҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, мавзуъҳои марбутро дақиқ матраҳ карда, ҷараёни тадбирҳои то ин дам андешидашудаи илмиву тадқиқотиро муаррифӣ ва баҳогузорӣ намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






