Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 май — Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, солҳои 1941-1945 аст. Дар ин рӯз мо аз фарзандони каҳрамони халқи тоҷик, ки дар набард бар зидди фашизм, ба хотири ҳаёти осоиштаи мо ҷони худро қурбон кардаанд, ёд оварда, бо чунин ҳамватанони ватандӯсту ҷасури хеш ифтихор мекунем. Шарҳи АМИТ «Ховар» дар мавзуи тарбияи ватандӯстӣ пешниҳод мегардад.
— Дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар таърих ватандӯстӣ ба сифати падидаи иҷтимоӣ барои таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии шаҳрвандон ба кор бурда мешуд. Азбаски ҷаҳони мутамаддин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, дар мафкураи шаҳрвандон ҷой намуда тавонистани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ барои амалӣ намудани барномаю стратегияҳои давлатӣ аз манфиат холӣ нест.
Барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу буми Ватан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 қабул гардид, ки он аз 5 боб ва 21 модда иборат аст.
Қонун ҳадаф, усулҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар намуда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Ватандӯстӣ эътиқод аст ва касеро маҷбуран ватандӯст намудан имкон надорад, вале арзишҳои ватандӯстиро дар тафаккури шаҳрвандон ҷой намудан ва ин арзишҳоро ба эътиқоди онҳо табдил додан имконпазир аст. Ин раванди мушкил ва ҳамешагӣ аст. Яъне, ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул бояд шуд. Дар ин масири мушкилу абадӣ давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангиашро ба ин ҷода равон намояд.
Таҷлили ҳар ҷашну маросим, рӯзҳои таъсис ва санаҳое, ки дар онҳо рукнҳои давлатӣ ташкил ва ба фаъолият оғоз намудаанд, агар аз як тараф эҳтиром гузоштан ба сохти давлатдорӣ бошад, аз ҷониби дигар- ин арҷгузорӣ ба заҳмати шахсиятҳое мебошад, ки дар таъмини оромию осудагии ҷомеа саҳмгузоранд.
Ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар қатори дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди усулӣ ва муҳими давлатсозӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ аст. Дар қатори дигар омилҳо маҳз тавассути ташкили ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ниҳодҳои қудратӣ ҳифзи тамомияти ҳудудии давлат ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.
Набояд фаромӯш намуд, ки ин табиӣ аст, ки шаҳрвандон афкори мухталифи сиёсӣ доранд, сатҳи зиндагию вазъи иҷтимоиашон гуногун аст, аммо сарфи назар аз ҳамаи фарқияту мухолифат ҳамаи моро бояд масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану Ваҳдати миллат муттаҳид намояд. Барои ҳар шаҳрванди ватандӯст ҳеҷ чиз муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нест.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».
Инчунин 8 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба баён намуданд, ки «равандҳои манфию хатарборе, ки ҳоло ҷаҳони муосирро таҳти таъсир қарор додаанд, хусусан мухолифатҳои шадид байни абарқудратҳо, аз нав авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», инчунин густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонҳои террористию экстремистӣ аз ҳар хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди омодабошӣ, маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагию фидокорӣ талаб менамоянд. Ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад».
Воқеан ҳам ҳар яки моро мебояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлату ҷомеа мебошад. Зеро арзиши мафҳуми ватандӯстӣ барои тоҷикон эҳсоси ирсӣ, меросӣ, таҷрибавӣ ва ҳам таърихӣ аст. Ватандӯстӣ таҷрибаи зиндагии наслҳову миллатҳо аст, ки дар ёди таърихӣ, китобнавиштаҳо ва дар эҷодиёти шифоҳии халқ барои ояндагон ба мерос мегузарад. Ин мерос гаронбаҳо аст, зеро воситаи ҳифзи ватану истиқлоли он аст. Ин таҷрибаи зиндагӣ аз фард ба фарзандон, аз фарзандон ба авлод, аз авлод ба наслҳо ва аз наслҳо ба миллат ба мерос мегузарад ва он яке аз арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ватандӯстӣ набояд танҳо дар сухан бошад, балки дар амал низ мебояд дӯстории ватану миллатамонро собит намоем. Кӯчактарин амале, ки ҳар фарди ҷомеа метавонад дар нигоҳдошту ободии ин диёр саҳм гузорад, тозагию зебо нигоҳ доштани ҳар гӯшаю канори ин диёр, хондану баланд бардоштани савияи дониш, доштани зиракии сиёсӣ, забондонӣ, машғул шудан ба тарзи ҳаёти солим ва мудом заҳмат кашидан пайи боло бурдани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азиз ба шумор меравад. Пас, биёед то метавонем дар ҳифзу ободии Тоҷикистон саҳм гузорем.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд






