Имконоти иқтисодии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони ширкатҳои байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба вазъи кунунии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконоти сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ, бозори молиявӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ 22 май дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ҳайати намояндагони ширкатҳои байналмилалии молиявии «J.P.Morgan», «Loomis Sayles&Company», «Morgan Stanley Investment Management» ва «Global Evolution» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад, Султон Раҳимзода ба меҳмонон оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ, тадбирҳои андешида барои дастгирии соҳибкорӣ ва имконияти мавҷуда барои сармоягузорони хориҷӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо доираҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои энергетика, саноат, инфрасохтор, иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди «сабз» шароити мусоид фароҳам овардааст.
Намояндагони JP Morgan ва коршиносони байналмилалӣ ба имконоти иқтисодии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои таҳкими ҳамкорӣ ва омӯзиши имконияти нави сармоягузорӣ ибрози омодагӣ намуданд.
Дар фарҷом ҳамсуҳбатон барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкории минбаъда изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






