Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

Май 28, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо сабаби ба амал омадани бориш дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят бориши борон пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+10 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 21+23 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+10 дараҷа гарм, рӯзона 28+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда ва бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 31+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.

Май 28, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад