Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад

Май 10, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 10.05.2026  /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4 дараҷа ва  рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо борон  бошиддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм ва  рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар аст.  Дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа гарм ва  рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ  мешавад.  Рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борон бошиддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 17+19 дараҷа гарм ва  рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Май 10, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад