Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад

Май 22, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз  22 то 25 май бо сабаби боридани борони бошиддат дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамзамон, дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ  андешанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3 дараҷа ва  рӯзона 7+12 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм,  рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм ва  рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон дар назар аст.  Шабона дар баъзе ноҳияҳои вилоят борон  бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва  рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон дар назар аст.  Шабона дар баъзе ноҳияҳои вилоят  борон бошиддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 7-12 метр дар як сония мевазад. Шабона дар пойтахт ҳаво 15+17 дараҷа гарм ва  рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Май 22, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад