Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар шарқи вилоят шабона -3+2 дараҷа ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония вазида, хокбориш ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 18+20 дараҷа гарм ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






