Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ДУШАНБЕ, 07.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ҷамъбастии Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Даври якуму дуюми фестивал-озмун ва намоиш-фурӯш моҳҳои марту апрел дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳия ва вилоятҳо гузаронида шуд. Имрӯз ғолибони он муайян ва қадрдонӣ мегарданд.
Дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмун ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ тарроҳон, чеварон ва намояндагони соҳаи мӯд аз тамоми минтақаҳои мамлакат ҷамъ меоянд. Онҳо намунаҳои беҳтарини эҷодиёташон–либосҳои миллӣ, аз қабили чакан, атлас, адрас, нақшдӯзию зардӯзиро бо тарҳҳои муосир ва унсурҳои анъанавӣ ба намоиш–фурӯш мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки ин фестивал-озмун ва намоиш-фурӯш дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, соли якум аст, ки гузаронида мешавад.
Мақсади асосии фестивал-озмун баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси зебои миллӣ, ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






