Имрӯз Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 оғоз мегардад

Май 26, 2026 07:30

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор мегардад. Он дар доираи Раванди оби Душанбе доир шуда, намояндагони ҷомеаи ҷаҳониро барои баррасии масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии об муттаҳид месозад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Маросими ифтитоҳи конфронс дар маҷмааи «Кохи Сомон» баргузор мегардад. Дар чорабинӣ ҳайатҳои баландпояи давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, корпуси дипломатӣ, доираҳои илмӣ ва академӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷавонон ва занон, инчунин дигар шарикони рушд иштирок мекунанд.

Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз 25 то 28 майи соли 2026 баргузор мегардад. Он идомаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дипломатияи об мебошад. Раванди оби Душанбе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ба роҳ монда шудааст, ба платформаи эътирофшудаи байналмилалӣ барои пешбурди гуфтугӯ ва амалҳои муштарак дар соҳаи захираҳои об табдил ёфтааст.

Дар доираи барномаи имрӯза маросими ифтитоҳ, ҷаласаҳои пленарии сатҳи баланд, ҷаласаҳои мавзуӣ ва намоишгоҳи байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд.

Таваҷҷуҳи асосии иштирокчиён ба масъалаҳои таъмини идомаи пайвастагӣ байни Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои оби соли 2023 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба оби соли 2026, густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба бахши об, идоракунии устувори захираҳои об ва суръат бахшидан ба расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор равона мегардад.

Муҳокимаҳои мавзуӣ самтҳои «Об барои мардум», «Об барои шукуфоӣ», «Об барои сайёра»-ро дар бар гирифта, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ, равандҳои бисёрҷониба ва сафарбарсозии захираҳои молиявӣ барои татбиқи лоиҳаҳои марбут ба обро фаро мегиранд.

Интизор меравад, ки конфронс ба майдони муҳими байналмилалӣ барои таҳияи қарорҳои муштарак дар робита ба муқовимат бо чолишҳои муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, камбуди захираҳои об, таъмини санитария ва рушди устувор табдил ёбад.

25 май дар доираи конфронс дар Душанбе форумҳои пешазконфронсӣ, чорабиниҳои мавзуӣ ва мувозӣ, вохӯриҳои коршиносон, ҷаласаҳои ҷавонон ва занон, инчунин барномаҳои фарҳангӣ ва Фестивали об баргузор гардиданд, ки иштирокчиён ва меҳмонони форумро муттаҳид намуданд.

Дар доираи конфронс ҳамчунин намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба технологияҳои муосир, навоварӣ ва ташаббусҳо дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор ташкил шудааст.

28 май барои иштирокчиёни хориҷӣ сафарҳои сайёҳӣ ва боздидҳои саҳроӣ ташкил карда мешаванд, то таҷрибаи Тоҷикистон дар идоракунии захираҳои об, энергетикаи обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим омӯзонида шавад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин конфронсро тақрибан 400 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла зиёда аз 100 хабарнигори хориҷӣ аз агентӣ ва шабакаҳои пешбари ҷаҳонӣ инъикос мекунанд.

Барои намояндагони воситаҳои ахбори омма дар «Кохи Сомон» маркази матбуотии муосир бо тамоми шароити техникӣ ташкил карда шудааст.

Баргузории Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бори дигар нақши рӯзафзуни Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти рушди устувор таъкид мекунад.

Илова бар ин, ба ташкили чорабинӣ беш аз 150 волонтёр ҷалб гардидаанд, ки дар ҳамоҳангсозии ҳайатҳо, корҳои ташкилӣ ва хизматрасонӣ ба иштирокчиён мусоидат мекунанд.

Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Дидор Саъдуллоев

Май 26, 2026 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд