ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 1993 бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 15 май Рӯзи байналмилалии оила эълон гардид. Мақсад аз эълони ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила ва оиладорӣ мебошад.
– Дар Тоҷикистон бахшида ба ин рӯз дар шаҳру ноҳияҳо ҳамоишҳои маърифатӣ гузаронида мешаванд. Ҳадаф аз баргузории чунин ҳамоишҳо муқаддас донистани арзишҳои оиладорӣ, нигаҳдории меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи фарзандон ва дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки бо мақсади пойдору устувор нигоҳ доштани оилаҳо дар Тоҷикистон якчанд барномаҳои давлатӣ қабул карда шудаанд. Қабул гардидани барномаю стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии оила, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишонаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии оила мебошад.
«Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои оила ва аъзои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, тақвияти заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст.
Дар асоси бандҳои барнома (20 банд) фестивал ва озмунҳои ҷумҳуриявие гузаронида мешаванд, ки ба баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн нигаронида шудаанд.
Воқеан ҳам, давлат ва ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ҳуқуқию иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ғамхорӣ нисбат ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, дастгирии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, пиронсолӣ ва хизматрасониҳои зарурии тиббиро кафолат медиҳанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имсол дар асоси «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» (марҳилаи якум) дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат озмуни «Оилаи беҳтарин» ва «Фарзанд–боғи падару модар» баргузор гардид.
Ин озмунҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии фарҳанги оиладорӣ, таҳкими оила, бунёд ва мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ дар заминаҳои муҳаббату эҳтироми якдигар, баланд бардоштани масъулияти оила дар тарғиби фарҳанги оиладорӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои оила дар иҷрои рисолати иҷтимоишавии шахс дар муҳити оила, пешгирии пошхӯрии оила, махсусан оилаҳои ҷавон, пешгирии никоҳҳои бармаҳалу хешутаборӣ ва пешгирии ҳолатҳои дахолати беасоси шахсони сеюм ба муносибатҳои оилавӣ гузаронида шуданд.
Инчунин дар доираи барнома аз ҳисоби собиқадорон ва фаъолони ҷомеа барои омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар, баланд бардоштани масъулияти онҳо дар бунёди оила, эҳтироми калонсолон, саҳмгузорӣ дар пешбурди оила, сарфаю сариштакорӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳою муқаддасоти миллӣ, садоқату вафодорӣ ба оила ва Ватан, таҳкими пойдории бузургтарин дастовардҳои замони истиқлол, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чорабинии тарғиботию ташвиқотии корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил карда шуд. Аъзои Корвони «Модарони ваҳдатсаро» вобаста ба масъалаҳои мубрами оиладорӣ дар ҷамоату деҳаҳо бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Соли 2025 дар доираи татбиқи ин барнома аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он тавассути гардиши «хона ба хона» бо 3 миллиону 29 ҳазору 807 оила суҳбатҳои инфиродӣ, бо усули «маҳал ба маҳал» ва «деҳа ба деҳа» 14 ҳазору 330 вохӯрӣ ва бо усули «мактаб ба мактаб» 5968 суҳбату корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотӣ анҷом дода шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрию суҳбатҳо вобаста ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар руҳияи ватандӯстӣ, пойдорию устувории Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувори солим арзёбӣ менамоянд.
Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя менамояд».
Маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меёбаду муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубониро меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ба ҳамагон ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рӯ оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст.
Аҳамияти оила дар ҳаёти инсон он қадар бузург аст, ки наметавон онро фақат аз як ҷониб шарҳ дод. Масалан, агар мо гӯем, ки оила ақди никоҳи ду нафар аст, на ҳама маънои онро ифода мекунем, зеро фарзандон, волидайн ва фаъолияти дигари оиларо фаро гирифта наметавонем.
Маҳз бо шарофати оила давлат қавӣ гашта, тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо ба пешрафти мамлакат вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳо гузошта мешавад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!






