ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мусиқии классикии тоҷик — шашмақом ҳамчун шоҳкории фарҳанги башарият аз тарафи ЮНЕСКО пазируфта шуда, ҳамасола 12 май расман таҷлил карда мешавад. Ҳар сол дар Тоҷикистон ба ифтихори ин ҷашн барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Дар вилояти Суғд ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Шашмақом (12 май) таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, дар фестивал-озмун ҳунармандони ансамблҳои шашмақомхонон, мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат, мусиқашиносони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ аз Фаронса, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки шашмақом ҳамчун падидаи нодири ҳунари мусиқии классикии тоҷик давоми асрҳо ташаккул ва рушд ёфта, дар тарбияи маънавию фарҳангии ҷомеа нақши муассир дорад. Ин мероси гаронбаҳо имрӯз ҳамчун шоҳасари фарҳанги башарӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии инсоният дар ЮНЕСКО ворид гардида, эътирофи ҷаҳонӣ касб намудааст.
Шашмақом шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ва ганҷинаи бебаҳои миллат дониста мешавад. Зеро шашмақом арзишмандтарин дурри гаронбаҳо буда, ин санъати бузурги пурҷозибаро ҳазорҳо ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо сайқал дода, ғанитар гардонидаанд. Шоҳасари мадании мусиқии халқи тоҷик давоми асрҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, аз устод ба шогирд чун мероси аҷдодӣ омада расидааст.
Ин мероси мусиқии суннатии тоҷик давоми солҳои зиёд чун асари силсилавии шаклан мураккаб, вале дорои хусусияти касбӣ рушду мукаммал мегардид ва аз насл ба насл ба таври шифоҳӣ дар шакли анъанаи зинда–тавассути низоми суннатии «устоду шогирд» интиқол ёфтааст.
Дар роҳи нигоҳдории ин ганҷинаи бебаҳо устодони барҷастаи тоҷик нақши назаррас гузоштаанд. Инак рӯз то рӯз садову навои ин шоҳкории ҷовидона бо дарди мардум пайванд гашта, зиндагии мардумро тараннум менамояд ва насли ҷавон ба он бештар рӯ меорад.
Бо дастгирӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз ва рушди шашмақом дар мамлакат тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина фаъолияти ансамблҳои мақомхонон ва тарғиби ин санъати асил дар сатҳи байналмилалӣ густариш пайдо кардааст.
Инчунин дар замони соҳибистиқлолии мамлакат санъати шашмақом мақому манзалати хосса пайдо намуд. 12 майи соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи санъати шашмақом ба ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ доданд. Ҳамзамон 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид–ЮНЕСКО шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгории маънавии инсоният эълон намуд.
Имрӯз муассисаҳои фарҳангии мамлакат, аз ҷумла Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар тарбияи сарояндагони касбии ҷавон ва эҳё намудани мусиқии суннатии шашмақом саҳми назаррас доранд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал–озмуни байналмилалии «Ушшоқи Раҳмонӣ» имрӯз идома ёфта, ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд. Ҳаҷми умумии ҷоизаҳо барои ғолибони озмун 28 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






