Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пилла идома дошта, то имрӯз ба корхонаҳои қабул беш аз 7500 килограмм пилла супорида шудааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» намояндаи «Пиллаи тоҷик» дар ин ноҳия Сулаймонқул Раҳмонқулов хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон ба кирмакпарварони ноҳия 400 қуттӣ кирмаки навъи чинӣ тақсим карда шуд. Тибқи нақша бояд 10 ҳазору 400 тонна пилла супорида шавад. Дар айни замон дар 282 парваришгоҳи хоҷагиҳои деҳқонӣ кирмак нигоҳубин карда мешавад.
Аз 23 гектар тутзор барои кирмак ғизо ҷамъоварӣ карда мешавад. Ҳамзамон бо мақсади зиёд намудани захираи ғизои кирмак имсол 6 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шудааст.
Ба иттилои масъулин, аз оғози мавсими парвариш то ҷамъоварии пилла барои ҳар қуттии кирмак аз 700 то 900 килограмм барги тут истифода мешавад. Инчунин барои парвариши як қуттӣ то 60 метри мураббаъ ҷойи махсус зарур аст. Риояи ин меъёрҳо имкон медиҳад, ки аз ҳар қуттӣ аз 35 то 70 килограмм пилла ҷамъоварӣ карда шавад.
Дар ноҳия кирмакпарварони соҳибтаҷрибае фаъолият доранд, ки метавонанд аз як қуттӣ то 78 килограмм пилла ба даст оранд.
Масъулин таъкид менамоянд, ки барои ба даст овардани ҳосили босифат риояи қоидаҳои нигоҳубини кирмак хеле муҳим мебошад. Барги тару тозаи тут бояд сари вақт ба кирмак дода шавад, зеро барги сахтшуда метавонад ба нашъунамои кирмак таъсири манфӣ расонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






