Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд

Май 13, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо меҳнати софдилона ва ташкили дурусти кор 12 май нақшаи пилласупориро пурра иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида, имсол кирмакпарварони ноҳия ба корхонаҳои қабул 21 тонна пилла супориданд. Ҳамзамон масъулон нақша доранд, ки то анҷоми мавсим ба таври илова беш аз 5 тонна пиллаи хушсифат супоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023 «Дар бораи андешидани тадбирҳо барои рушди соҳаи пиллапарварӣ» дар ноҳияи Ёвон ситоди махсус оид ба тақсимоти тухми кирмаки зиндашуда ва ҷамъоварии пилла таъсис дода шуд.

Ситод дар ҳамкорӣ бо сохторҳои соҳавӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият карда, ба иҷрои саривақтии нақша мусоидат намуд.

Кирмакпарварони ноҳияи Ёвон дар истеҳсоли абрешими босифат, ки маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ арзёбӣ мегардад, саҳми назаррас доранд.

АКС аз бойгонӣ

Май 13, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад