Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» ба шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ сафар карда, бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ин мавзеъ шинос мешаванд. Инчунин дар ин рӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ филми мустанади «Хутали қадим» муаррифӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиш аз 10 то 14 майи соли 2026 бо дастгирию ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.
Меҳмонону иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ дар ин рӯз ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар карда, бо мавзеи таърихӣ-табиии Кулдара, Осорхонаи асри санги Ховалинг ва осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия шинос мегарданд. Меҳмонони ҳамоиш дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар ин ноҳия иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 11 май дар шаҳри Бохтар Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» расман оғоз гардид.
Дар ҳамоиш олимон, муҳаққиқон, таърихшиносон, бостоншиносон ва меҳмонон аз дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуда, доир ба таърихи Хутал, нақши он дар ташаккули забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақа маъруза ва мусоҳибаҳо анҷом доданд.
Ҳадаф аз баргузории симпозиуми сатҳи баланди илмӣ он аст, ки бояд мо таърихи халқу миллатро аз умқи таърих, яъне аз давраҳои асри санг то давраи муосир ҳамаҷониба нишон дода тавонем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ низ бояд дар сатҳи хубу хотирмон бо муаррифии таърихи миллати тоҷик ба ҷаҳониён доир гардад. Объектҳое, ки дар номинатсияи Хутали Қадим нишон дода шудаанд, фарогири тамоми таъриху фарҳанги миллат набуда, балки ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги миллатро нишон медиҳанд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода иброз намуд, ки баргузории ҳамоиш ба васеъ муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар намунаи таъриху фарҳанги Хутали Қадим равона гардидааст. Зеро он оғоз аз ҳазораи асри санг, яъне аз давраи неолит бо канда нашудан, яъне бо пайвастагии силсилаи хронологияи таърихӣ то ба давраи имрӯз расидааст. Дар қатори нишони додани таъриху фарҳанги миллӣ ҳамчунин бояд таваҷҷуҳи хоссаи олимони ватаниву хориҷӣ, хусусан ҷавонону наврасон ба шиносоӣ бо таърихи пурғановат ва фарҳанги миллати тоҷик ҷалб карда шавад. Барномаи ҳамоиш баргузории нишастҳои илмӣ, боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар бар мегирад.


Ёдовар мешавем, ки тибқи барнома 13 май иштирокчиёни Симпозиум барои шиносоӣ бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба «Қалъаи Балҷувон»-и ноҳияи Балҷувон сафар мекунанд. Дар ин рӯз иштирокчиёни ҳамоиш бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.
Ҳамоиш ба қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО бахшида шудааст.
Бояд иброз намуд, ки бозёфтҳое, ки аз девормусаввараҳои шаҳристони Ҳулбук ёфта шудаанд, имрӯз қадимтарин намунаи хати забони тоҷикӣ мебошанд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ, осори бостоншиносӣ, нумизматӣ ва фолклории шоҳигарии Хуталон мафҳумҳои гуногуни ҳаммаъно навишта шудаанд. Ҳанӯз соли 725 вобаста ба муҳорибаи лашкари араб бо мардуми Хуталон дар адабиёти шифоҳӣ шеъри «Аз Хуталон омадия» эҷод шуд, ки он аз мавҷудияти забони ноби тоҷикӣ шаҳодат дода, ҳамчунин қудрату неруи давлати Хуталонро тасдиқ менамояд. Тибқи сарчашмаҳои хаттии тоҷикӣ-форсӣ, чинӣ ва арабӣ, Хатлонро бо номҳои Хатлон, Хуталон, Ку-ту-ло ва ал-Хутал низ ном мебурдаанд.
Таъкид карда шуд, ки маълумоти қадимтарин дар бораи Хатлон ва пойтахти он — шаҳри Ҳулбуки бостонӣ дар адабиёти антиқа дарҷ гардидааст. Дар рӯйхати номи шаҳрҳо, ки дар таърихномаи «Ҷуғрофияи таърихии шарқ» таърихнигори юнонӣ Птоломей овардааст, шаҳри Хулбисса низ мавҷуд мебошад. Александр Беленитский ва олимони дигари шарқшинос бо асоси комил онро пойтахти Хатлон – шаҳри Ҳулбук мешуморанд, зеро дар сарчашмаҳои қадим дар баробари мафҳуми Ҳулбук номи Ҳулбак ва Ҳулбик низ дучор меояд, ки ба ҳамон Хулбиссаи юнонӣ пайвастагӣ дорад.
Ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор шуда, таърихи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Объектҳое, ки дар номинатсияи Хутали Қадим нишон дода шудаанд, ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги миллатро нишон медиҳанд. Баргузории ҳамоиши мазкур ба муаррифии васеи таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар намунаи таъриху фарҳанги Хутали Қадим равона гардидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






