Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд

Май 13, 2026 14:58

ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 май иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи сафар шиносоӣ бо мероси таърихию фарҳангии ноҳия ва мавзеи таърихӣ-табиии Кӯлдара, Осорхонаи асри санги Ховалинг ва Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия мебошад.

Иброз гардид, ки ноҳияи Ховалинг ҳамчун яке аз минтақаҳои куҳанбунёди мамлакат дар муаррифии таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик саҳми арзанда дорад.

Дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг шумораи зиёди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла оромгоҳ-мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол воқеъ мебошанд, ки макони писандидаи сайёҳон гардидаанд.

Мавзеъҳои таърихии ноҳия, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳи Севардара, Чепол ва Харгушон дар самти сайёҳии бостоншиносӣ аҳамияти муҳим доранд. Бозёфтҳо аз деҳаи Кӯлдара бозгӯйи ҳаёти инсонҳои қадимии асри санг мебошанд.

Маъбади буддоии Чепол яке аз ёдгориҳои арзишманди таърихии Тоҷикистон буда, баъди дайри буддоии Аҷинатеппа аз мавзеи Чеполи ноҳияи Ховалинг пайдо гардид. Бозёфтҳои ин ёдгорӣ дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия ва дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамасола осорхонаи ноҳияро шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намуда, олимон аз кишварҳои Олмон, Русия ва Фаронса дар ин осорхона таҳқиқот мебаранд.

Меҳмонони ҳамоиш дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ноҳия иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиш аз 10 то 14 майи соли 2026 бо дастгирию ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Ҳамоиш ба қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО бахшида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз иштирокчиёни симпозиум барои шиносоӣ бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба «Қалъаи Балҷувон»-и ноҳияи Балҷувон сафар мекунанд. Дар ин рӯз иштирокчиёни ҳамоиш бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2026 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад