Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз як гурӯҳ меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба тамошои Қалъаи Ҳисор рафтанд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар», ки дар ин сафар меҳмононро ҳамроҳӣ мекард, хабар медиҳад.
Ба меҳмонон оид ба таърихи ин ёдгорӣ маълумоти муфассал дода шуд. Онҳо ҳар гӯшаи ин қалъаро бо диққат тамошо карда, аз роҳбаладон оид ба воқеаҳои дар ин макон рухдода пурсон мешуданд. Меҳмонон Аскархона, Қасри Ҳоким, Амфитеатр, растаҳои ҳунармандӣ ва осорхонаи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисорро тамошо карда, бо таъриху фарҳанги қадимии миллати тоҷик шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд.
Муовини Раиси шаҳри Ҳисор Гулноза Зиёвиддинзода зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки барои дар сатҳи баланд қабул намудани иштирокдорони Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Ҳисор
ҳар яки мо масъул гардидаем.
«Мо талош кардем, ки меҳмонони ин чорабинии сатҳи баланд бо таърихи қадимии халқи тоҷик шинос шаванд. Барои ин беҳтарин роҳбалади забондонро интихоб кардем, то ба меҳмонон бо далел — тавассути ҳар ёдгорӣ оид ба таърихи куҳан доштани миллати тоҷик маълумот диҳад. Ҳамчунин тибқи меҳмоннавозии тоҷикӣ онҳоро бо нону намак пешвоз гирифта, бо пешниҳоди таомҳои миллӣ расми хуби тоҷикон-меҳмоннавозиро ба ҷо овардем»,-афзуд Гулноза Зиёвиддинзода.
Директори Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» Сайфиддин Файзиддинов зимни суҳбат иброз дошт, ки Қалъаи Ҳисор яке аз қадимтарин ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин қалъа дар шаҳри Ҳисор, тақрибан 15 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир буда, таърихи зиёда аз 3000-сола дорад.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои васеи барқарорсозӣ ва ободонии Қалъаи Ҳисор анҷом дода шуданд. Қалъа таъмиру тармим гардида, атрофи он ободу зебо карда шуд. Инчунин 3000-солагии Ҳисор таҷлил гардид, ки ЮНЕСКО ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҷашни 3000-солагии Ҳисорро ба феҳрасти санаҳои муҳими таърихиву фарҳангии ҷаҳонӣ барои солҳои 2014–2015 дохил кард.
Имрӯз ин макон дорои инфрасохтори муосири сайёҳӣ буда, барои қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳудуди «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» якчанд иншооти муҳими таърихӣ мавҷуданд, ки Мадрасаи Кӯҳна, Мадрасаи Нав, Масҷиди Сангин, Корвонсарой ва Осорхонаи таърихӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар ҳудуди қалъа пайваста фестивалҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, ҷашнҳои миллӣ ва чорабиниҳои давлатӣ баргузор мегарданд. Меҳмонон метавонанд дар баробари ин аз ёдгориҳои таърихӣ боздид намоянд, инчунин бо фарҳанги қадимии тоҷикон шинос гарданд, ҳунарҳои мардумиро тамошо кунанд ва аксҳои хотиравӣ гиранд.
Олга Калашникова, коршиноси соҳаи обу иқлим аз Ҷумҳурии Қирғизистон, ки барои иштирок дар конфронс ба Тоҷикистон омадааст, зимни суҳбат чунин гуфт: «Шумо воқеан, мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин Пешвои миллат доред. Бубинед, ки имрӯз барои дастгирӣ аз ташаббусҳои Президенти шумо аз чандин кишварҳои ҷаҳон намояндаҳо ба Тоҷикистон меоянд. Тоҷикистон барои онҳо имкон фароҳам овардааст, ки сари як миз ҷамъ омада, тавассути муколамаҳо масъалаи ҳаётан муҳими ҷаҳон — масъалаи обу иқлимро, ки ба нафъи башарият аст, ҳал намоянд. Ҳар кишваре, ки чунин Сарвар дорад, бешубҳа, шаҳрвандонаш хушбахт ҳастанд», — афзуд ӯ.
Олга Калашникова мегӯяд, маротибаи аввал нест, ки ӯ ба Тоҷикистон меояд. «Ҳар маротибае, ки ба ин ҷо меоям, маро эҳсоси шодмонию болидаруҳӣ фаро мегирад, зеро Тоҷикистон бароям сарзамини ошност ва ин кишварро дӯст медорам».
Ёдовар мешавем, ки 27 май Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 натиҷагирӣ гардид. Дар он 2500 нафар, аз ҷумла 1100 нафар аз 110 кишвари ҷаҳон, 75 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин 170 ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои академӣ иштирок намуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои Конфронс Эъломияи Душанбе қабул гардид.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»




























Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид






