«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ–амалӣ доир шуд

Май 6, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаҳои алоқа таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва рушди телевизиону радио» ҳамоиши илмӣ–амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд ёфта, бо ворид намудани технологияҳои муосир ва густариши фазои иттилоотӣ сатҳи пешниҳоди барномаҳо беҳтар гардидааст.

Сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, хусусан  телевизион дурбинона ва созанда мебошад. Он сиёсате аст, ки барои мукаммалсозии фазои расонаӣ, ҳифзи он аз зуҳуроти бегона,  таҳкими сулҳу ваҳдат, ободонии мамлакат, тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, эҳёи суннатҳои фаромӯшшуда ва дар зеҳни ҷаҳониён ба вуҷуд овардани имиҷи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ мегардад.

Қабули барномаҳои давлатӣ дар ин самт шароити мусоид фароҳам овард, ки татбиқи таҷҳизоти муосири рақамӣ, навсозии студияҳо, марказҳои пахши барномаҳо ва афзоиши шабакаҳои пахши рақамӣ дар саросари мамлакат таъмин гардад.

Рушди минбаъдаи соҳаи телевизион ва радио яке аз омилҳои муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Май 6, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд