ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд

Май 15, 2026 09:57

ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии ҳосили картошка идома дошта, деҳқонон баъди ҷамъоварии он кишти такрории зироатро оғоз менамоянд. Истифодаи самараноки замин ва аз як қитъа замин ба даст овардани ду-се ҳосил имрӯз дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба таҷрибаи маъмулӣ табдил ёфтааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Хуросон хабар доданд, хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» аз ҷумлаи хоҷагиҳои фаъолу таҷрибадори ноҳия ба шумор меравад. Хоҷагӣ дорои 6 гектар замини корам буда, дар он 5 саҳмдор фаъолият менамоянд. Дар заминҳои хоҷагӣ навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, полезӣ ва пиёз парвариш карда мешаванд.

Дар айни замон дар хоҷагӣ ҷамъоварии картошка идома дошта, деҳқонон кӯшиш доранд ҳосилро беталаф ва дар муҳлати кӯтоҳ ҷамъоварӣ намоянд.

Роҳбари хоҷагӣ Суҳроб Қобилов зимни суҳбат иброз дошт, ки имсол дар як гектар то 5 тонна картошка кишт карда шуд. Хоҷагидорон ният доранд аз ҳар гектар аз 15 то 20 тонна ҳосил ба даст оранд.

«Мо аз рӯзҳои аввал ба нигоҳубини зироат диққати махсус додем. Обёрии саривақтӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ, нарм намудани байни қаторҳо ва мубориза бо ҳашароти зараррасон имконият фароҳам оварданд, ки нашъунамои картошка хуб ба роҳ монда шавад»,–иброз дошт Суҳроб Қобилов.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки баъди ҷамъоварии картошка кишти тарбузро оғоз менамоянд. Ин маҳсулот то нимаи моҳи август пухта расида, ба бозорҳои ноҳия ва шаҳрҳои атроф пешниҳод карда мешавад. Пас аз ҷамъоварии тарбуз дар моҳи сентябр кишти тирамоҳии пиёз гузаронида мешавад.

Ба таъкиди мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи замин ва ду-се маротиба ҳосил ба даст овардан имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулот зиёд гардад. Ҳамзамон фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза ва босифати ватанӣ таъмин карда шавад.

Ба иттилои масъулини соҳа, иқлими мусоиди ноҳия ва таҷрибаи деҳқонон имконият медиҳад, ки дар як сол аз замин чанд маротиба ҳосил рӯёнида шавад. Ин омил ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодии хоҷагиҳо мусоидат менамояд.

Мунира АБДУСАЛОМОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2026 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд