ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен кишти зироат идома дорад
ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани замин дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, бо ин мақсад дар хоҷагии деҳқонии «Мирзо Анвар»-и ноҳия дар 4,68 гектар кишти зироат ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар 2,78 гектар картошка, дар 1,2 гектар гандум, инчунин дар қитъаҳои гуногун помидор, қаламфур, сабзӣ ва беда парвариш меёбанд.
Ҳамзамон дар хоҷагии деҳқонии «Баландқӯрғон»-и ноҳия дар 45 гектар зироат кишт шудааст, ки 35 гектари онро кишти чигит ташкил медиҳад. Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам дар 7 гектар пунбадона бо усули зериплёнка кишт кардаанд. Илова бар ин, картошка, қаламфур, макка, гандум ва беда низ парвариш карда мешавад.
Бояд иброз намуд, ки истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст






